Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Бурятхои Уст-Урда

Округи Автономии Бурятхои Уст-Урда

Округи Автономии Бурятхои Уст-Урда, дар хайати вилояти Иркутски РСФСР. 26 сентябр 1937 ташкил шудааст. Масохат 22,4 хазор километр2. Ахолиаш 133 хазор нафар (1979), асосан бурятхо, русхо, инчунин, тоторхо, украинхо, белорусхо ва дигар. Зичии ахоли дар 1 километр2 6,0 нафар Округ ба 6 райони маъмури таксим шуда, 4 птш дорад. Марказаш — поселкаи Уст-Урда.

Дар кисми чануби пуштакухи Ленаю Ангара (баландиаш 1000 метр) вокеъ аст. Иклимаш континентии шадид. Зимистонаш хунук, харорат миёнаи январ —22°—25° Селсия. Тобистонаш гарм, харорати миёнаи июл 17° Селсия. Боришоти солона 270—330 миллиметр. Давраи нашви растани 110 шаборуз. Дарёхои калонтарин: Ангара (шохобхояш Оса, Ида, Куда), Манзурка, Куленга.

Кисми зиёди территорияи Округ дар худуди бешадашти Иркуту Балаган вокеъ аст, ки хоки чимтолу карбонатии беишкор, дар хавзахо беишкори сиёххок, маргзорию сиёдхок дорад. Майдони чангалхо 900 хазор гектар. Такрибан 80% масохати чангалзорро дарахтзори сузанбарг (коч, санавбар, чалгуза ва гайра) пушонидаанд. Хайвоноти муинадор бисёр аст: санчоб, рубох, самур сагоби ва гайра, аз сумдорхо — шохгавазн, хонгул, морал. Дар дарёхо загорамохи, хариус ва гайра зиёданд.

Дар сарзамине, ки холо бурятхои Назди Байкал зиндаги мекунанд, одамон хануз дар давраи палеолит маскан карда буданд. Маълумоти аввалин доир ба бурятхо ба Рос­сия ибтидои асри 17 омада буд. Бурятхо дар миёнаи асри 17 пурра ба хайати Давлати Рус хамрох шуданд.

Кисми зиёди бурятхои Назди Бай­кал расман мазхаби православиро кабул карда бошад хам, J шаманпарастиро нигох медоштанд. Феодалхои махалли, савдогарон-судхурхо ва амалдорони подшох бурятхоро берахмона истисмор мекарданд, ки ин ахвол боиси борхо cap задани шуришхои халки шуда буд (аз чумла шуриши соли 1658 дар дашти Бала­ган).

Солхои 1902—04 бо рохбарии ба- даргашудагони сиёси дар Назди Байкал гуруххои совети депутатхо барпо гардиданд. Пас аз револютсияи Феврали 1917 дар территорияи бурятхои Назди Байкал вохидхои маъмурни милли (аймокхо, хошунхо ва сомонхо) ташкил карда шуданд. Хокимияти Совети дар Назди Байкал феврали соли 1918 барпо карда шуд. Тобистони 1918 дар натичая балвои корпуси чехословакхо территорияи округро гвардиячиёни сафед ишгол карданд.

Армияи Сурх бо хамрохии партизанхо соли 1920 дар Назди Байкал Хокимияти Советиро аз нав баркарор кард. Апрели 1921 дар территорияи Республикаи Шарки Дур Вилояти Автономии Буряту Мугулхо, январи1922 дар территорияи РСФСР низ вилояти Авт.

Буряту Мугул ташкил карда шуд. Соли 1923 харду вилояти автономи муттахид гардида РАСС Буряту Мугулро ташкил доданд (марказаш — Улан-Уде), ки территорияи хозираи Округ ба он дохил буд. Сентябр 1937 дар як вакт вилояти Сибири Шарки ба ду вилоят Иркутск ва Чита таксим шуд ва дар хайати вилояти Ир­кутск Округи миллии Буряту Мугули Уст-Урда (баъдтар Бурятхои Уст- Урда) ташкил ёфт (аз соли 1977 Округи Автономии Бурятхои Уст-Урда).

Дар давраи панчсолакои пеш аз чанг иктисодиёти таракки кард, заминкои корам васеъ шудавд, саршумори чорво зиёд гардид.

Дар давраи Чанги Бузурги Ватани дар натичаи азхуд карда шудани 31,4 хазор гектар заминхои бекорхобида мехнаткашони Округ истехсоли галла, зироати техники, картошка ва сабзавотро хеле зиёд карданд. Барои фонди мудофиа 13,3 миллион сум чамъ карда шуда буд. Панч чанговари Округ номи Кахрамони Иттифоки Совети гирифтанд.

Баъди чанг дар хочагии халк ва маданият комёбихои нав ба даст омад. 10 кас сазовори унвони Кахрамони Мехнати Сотсиалиста гардид Соли 1972 Окрути автономи бо ордени Дустии Халкхо мукофотонида шуд. (Дар бораи таърих, иктисодиёт, маданият ва адабиёти бурятхо нигаред ба фаслхои дахлдори Бурятистон).

Сохаи асосии хочагии Округ: галлакори (гандум, сули, чав ва гайра) ва чор- водорист (чорвои гушту ширдех ва пашмдиханда), аз 1/3 кисми тамоми махсулоти зироат ва чорводории вилояти Иркутскро медихад. Округ соли 1978, 223 хазор гов, 300 хазор бузу гусфанд дошт.

Саноат, ки пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр вучуд надошт, холо бомуваффакият таракки карда истодааст. Гач ва ангиштсанг истихроч карда мешавад (дар Забитуй ва наздикии посёлкаи Уст-Урда). Хоча- гихои саноати чангал (Уст-Урда, Бохав ва гайра) соли 1975 зиёда аз 500 хазор метр* чуб тайёр карданд. Истехсоли равган ва панир сохахои мухими саноати сабук мебошанд. Рохи охан Транс- сибир аз кисми чануби гарбии округ мегузарад (33,6 километр). Тули роххои автомобилгард— 1754 километр. (1976). Дарёи Ангара киштигард аст.

Соли хониши 1978/79 мактабхои маълумоти умуми 30,2 хазор талаба, дар мактабхои миёнан махсус 0,6 хазор талаба мехонд. Соли 1978 дар 95 муассисаи томактаби 5741 кудак тарбия меёфт. Дар Округ 142 китюбхонаи оммави, музеи кишваршиноси, 161 клуб, 273 дастгохи филмнишондихи, 4 хонаи пионерон, мактаби спортии бачагона кор мекарданд. Соли 1979 Округ 165 духтур, 979 коркунони миёнан тибби ва дар беморхонадо 1355 кат дошт.

Газетахои округи: «Ленинэй туг» («Байраки Ленин», аз соли 1954), ба забони буряти, «Знамя Ленина» (аз 1937, ба забони руси) нашр мешаванд. Ахолии округ аз радио ва телевизион истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …