Маълумоти охирин

Офтоб

Офтоб (аз оф — чирм ва тоб тобанда, тобои), Шамс, Мехр, X у р ш е д, наздиктарин ситораест, ки дар маркази системаи Офтоб вокеъ буда, аз плазмаи тафсон таркиб ёфтааст. Аломати астрономиаш 0фтоб. Массам Офтоб 1,990*1030 килограмм буда, аз массам Замин 332958 маротиба зиёд аст ва 99,866 % -и массаи чирмхои Системаи Офтобро ташкил медихад. Масофаи байни Офтоб ва Замни дар давоми сол аз 147,1 миллион километр (январ)  то 152,1 миллион километр (июл) тагйир меёбад. Кимати миёнааш 149,6 миллион километр аст, ки онро чун вохиди астрономи кабул кардаанд. Зичии миёнаи моддаи Офтоб 1,41-10® килограмм/метрэ. Тезшавии кувваи вазнини дар сатхи Офтоб 273,98 м/ооп2. Харорати сатди Офтоб, ки аз руи афканиши пурраи он мувофики конуни афканишоти Стефану Болс­ман муайян карда мешавад, ба 57ТО К баробар аст.

Баъд аз ихтирои телескоп мушохидаи Офтоб характери илми пайдо кард. Догхои Офтоб кашф ва даври чархзании он дар атрофи мехвараш муайян карда шуд. Соли 1843 астрономи немис Г. Швабе даврияти хуручи Офтобро ошкор кард. Соли 1814 Й. Фра­унгофер дар спектри Офтоб хатхои тираи фурубурдро дарёфт. Аз соли 1836 ин чониб гирифти Офтобро мунтазам мушохида мекунанд. Дар натича дар Офтоб точ, хромосфера, инчунин протуберансхо ошкор гарди­данд. Соли 1913 астрономи америкои Ч. Хенл спектри догдои Офтобро омухта дар Офтоб мавчуд будани майдони магнитиро исбот кард. Дар ибтидои солхои 40 асри 20 радиоафканишоти Офтобро кашф карданд. Дар нимаи дуюми асри 20 инкишофи гидродинамика ва физикаи плазма боиси пешравии физикаи Офтоб шуд. Холо бо ёрии му- шакхо, расадхонахои автоматии махори, лабораторияхои кайхонии пилотдор афканишоти ултрабунафш ва рентгении Офтобро тадкик мекунанд.

Офтоб аз чумлаи резаситорахои зард буда, такрибан 5 миллион сол ин чониб вучуд дорад. Кадри фотовизуалии ситоравиаш ба — 26,74, кадри мутлаки ситоравиаш ба +4,83 баробар аст. Офтоб нисбат ба мачмуи ситорахои наздиктарин бо суръати 19,7 * 10s метр/сония харакат мекунад. Офтоб андаруни яке аз шохахои Галактикаи мо аз маркази он дар масофаи такрибан 10 кпк вокест. Атрофи Галактикаро Офтоб дар давоми такрибан 200 миллион сол як маротиба давр зада мебарояд. 70%-и массаи Офтобро гидроген, 27%-ашро гелий ва такрибан 2,5%-ро микдори хама гуна элемент­хои бокимонда ташкил медиханд. Дарачаи харорат дар маркази Офтоб 10— 15 • 10е К, зичи такрибан 1,5 • 105– килограмм/метр3, фишор Зт4’10 Н/ма (такр. 3 • 40′1 ат.) мебошанд. Чунин мепиндоранд, ки манбаи энергияе, ки чои энергияи парокандашударо пур ва харорати баландро таъмин карда меистад, реаксияхои ядрои (дар чараёни онхо гидроген ба гелий табдил меёбад) мебошанд, ки дар каъри Офтоб ба амал меоянд.

Афканиши пурраи Офтоб аз руи мунавварии он муайян карда мешавад. Офтоб нисфирузи ба сатхи Замни такрибан 100 хазор лк сели рушнои меафканад. Кувваи рушноии Офтоб 2,84 • 10*7 шамъ мебошад. Иктидори афканиши пур­раи Офтоб 3,в3 • 10*6 Ватт аст, ки аз он такрибан 2 • 1017 Ватташ ба Замин меафтад.

Кабатхое, ки мушохидаи онхо имконпазиранд, атмосфераи Офтоб ном доранд. Кисми асоси ва аз хама чукури атмосфераи Офтоб, ки гафсиаш такрибан 300 километр аст, фотосфера ном дорад. Зичии модда дар кабатхои бо­лои 0,1 • 1(Ь-7 г/сантиметр3 ва дар чукуртарин кабатхо то 5 • 10—7 г/сантиметр3 буда, фишори миёнаи он кариби 0,1 атм аст. Харорати он аз дарун то берун такрибан аз 7 то 4—5 хазор К кам меша­вад. Аз ин сабаб курси Офтоб ба самти канорахояш сиёхтар мешаваду худудхои канори тамоман торик мемонад. Фотосфера ягона минтакаи Офтоб аст, ки гидрогени нейтрали дорад. Металлхо бошанд, он чо иони­засия шудаанд; электронхои озоди дар натичаи ионизасия хосилшуда бо атомхои нейтралии гидроген пайваст шуда, ионхои манфии гидроген (Н) -ро ба вучуд меоранд, ки онхо афканишоти назарнамо ва инфрасурхро бисёр фуру мебаранд. Сабаби тира будани фотосфера хамин аст ва ин дар навбати худ боиси нисбатан кам шудани гафсии фотос­фера гардидааст.

Дар тахи фотосфера минтакаи конвексия мавчуд аст, ки дар он массахои чудогонаи газхои тафсони болорав (элементхои конвек­сия) энергияро аз кабатхои чукур берун меоранд. Гафсии минтакаи конвексия 100—150 хазор километр мебошад. Кисми мушохидашавандаи фотосфе­ра сохти дона-дона (гранулясиони) дорад (расми 2), ки ин хам натичаи конвенсия аст. Унсурхои асосии гранулясия гранулхо — донахои дурахшоне мебошанд, ки гохо шакли бисёркунчаро мегиранд. Сабаби дурахшонии донахо он аст, ки харорати онхо аз харорати фазои байни гранулахо 400—500 К зиёдтаранд. Гранулахо 500—800 ки андоза дошта 5— 10 дакика «умр» мебинанд. Сабаби дар зери фотосфера пайдо шудани харакатхои конвексиони ба тарафи берун фаври паст шудани харорат ва мавчуд будани минтакаи дорои гид­рогени кисман ионизонида аст.

Дар фотосфера аксар вакт догхо ва машъалхоро мушохида мекунанд. Догхо ташкилахои тирае мебошанд, ки ди­аметрашон то ба 200 000 километр мерасад. Онхо аз чанд соат кашида то чанд мох «умр» мебинанд. Догдо одатан гурух-гурух пайдо мешаванд. Гуруххоро хамеша машъалхо, флоккулахо, протуберансхо ихота карда гирифтаанд. Дар наздикии онхо афрузишхои офтоби ба амал меоянд. Хамаи ин якчоя китъаи фаъоли Офтобро ташкил медиханд. Микдори миёнаи догдо ва китъаи фаъол, инчунин хачми онхо ба даври такрибан 11-сола тагйир меёбад (нигаред Хуручи Офтоб).

Аз фотосфера болотар хромос­фера чой гирифтааст, ки дар он дар кабати 10—20 хазор километр харорат то ба даххо хазор К меафзояд, гидро­ген, гелий ва дигар элементхо пай дар пай ионизасия шуда, зичи бошад то ба 10-12 10-13 г/сантиметр3 кам мешавад. Аксари раххои рахшони спектри ултрабунафши Офтоб дар хромосфера, инчунин дар минтакаи гузариши байни хромосфера ва точи Офтоб (ки болотар вокеъ шудааст) ба вучуд меояд. Манбаи радиоафканишоти ди­апазони саитиметри низ хромосфера буда, мавчхои десиметри ва метри, инчунин афканишоти рентгени аэ точи Офтоб хосил мешаванд.

Точи Офтоб аз худуд меояд ва ба андозаи даххо радиуси Офтоб пахн мегардад. Хромос­фера ва точи Офтоб одатан хангоми ги­рифти Офтоб (хромосфера ба шакли як халкаи гулоби ва точ ба шакли хо­лаи нукрагин дар гирди курси бо Мох пушидашудаи Офтоб) мушохида мешавад (расми 3). Точи Офтоб аз плазмаи тунуки харораташ 1—2 миллион К иборат аст, ки дар 1 сантиметр3 аз 100 миллион камтар атомхои ионизовида ва элек­трон дорад. Зичии моддаи тоди О. долгом и ба хадди мехин расидани хуручи Офтоб хеле зиёд шуда; хангоми суст шудани хуруч кам шудан мегирад. Сохти точ ба сохти майдони магнитии Офтоб сахт алокаманд аст.

Афканишоти точи Офтоб аз рушноии дар электронхои озод парокандашудаи фотосфера, инчунин аз спектри эмиосионии рах-рахи атоми карати пояизонидаи охан, калций, никел ва дигар элементхо иборат аст. Азбаски гази точ бисёр тунук ва тафсон аст, бисёр заррахо аз суръати пара­боли (барон О. 600 километр/сония) зудтар харакат мекунанд ва аз ин сабаб аз Офтоб берун рафта метавонанд. Точи Офтоб умуман ташкилаи устувор нест ва бефосила ба фазои байни сайёрахо пахн мегардад. Сели доимии плазма, ки ба ин сабаб ба вучуд меояд, боди Офтоб ном дорад. Омехтадои заррахои боди Офтоб дар наздикихои Замин ба хисоби миёна якчанд зарра дар 1 сантиметр3 ва суръати он 400—1000 километр/сония мебошад.

Точро то соли 1931 танхо дар вакти гирифти пурраи Офтоб мушохида мекарданд. Баъд аз ихтирои коро­нограф точро доимо мушохида мекардаги шуданд. Шакли точ вобаста бо фазахои даври хуручи Оф­тоб тагйир меёбад: точ хангоми ба хадди мехин расидани хуруч кад- кади экватор тул кашида ва хангоми то хадди кехин паст шудани хуруч кариб курашакл мешавад.

Хуручи Офтоб ба ходисахое, ки дар атмосфера, магнитосфера ва биосфе­раи Замин ба амал меоянд, таъсир мекунад. Чунончи, алокамандии бай­ни даври 11-солаи хуручи Офтоб ва зилзила, савияи оби кулхо, хосилнокии зироатхои хочагии кишлок, афзоиши хашарот, эпидемияи грипп, домана (тиф), вабо, касалихои дилу paг мукаррар карда шудааст. Тадкики хусусияти робитаи Осмону Замин ахамияти калони илми ва амали пайдо кардааст.

Дар СССР такр.ибан 20 расадхона, аз чумла расадхонахои Крим, Пулково, муассисахои астрономии Москва. Киев, Тошкент, Алмаато, Абастуман, Иркутск дар сохаи умури Офтоб кор ме­баранд. Соли 1979 астрофизикхои Пул­ково дар Помир дар баландии 4350 етр аз сохили бахр телескопи махсус шинонда, ба воситаи он Офтобро мушохида карданд ва харитаи догхо ва афрузишхои дар сатхи oн ба амал омадаро тартиб доданд. Се маркази илмии чахони: СССР, Штатхои Муттахидаи Америка ва Франсия дар бораи Офтоб маълумот чамъ меоваранд.

Маълумотхоеро, ки шабакахои стансияхои чахони дар бораи Офтоб чамъ мекунанд, хам барои халли масъалахои физикаи Офтоб, Замин ва фазои байнисайёрави ва хам барои халли масъалахои амалии хочагии халк (пешбинии шароити пахншавии радиомавчхо ва туфонхои магнити) ис- тифода бурда мешаванд.

Адабиёт: Ягер К., Строение и динамика атмосферы Солнца, Москва, 1962; Север­ный А. Б., Физика Солнца, Москва, 1956; Гибсон Э., Спокойное Солнце, Москва, 1977; Аллен К. У., Астрофизические вели­чины, Москва. 1977.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.