Одамият, сифати ахлокиест, ки дар муносибатхои харрузаи одамон гуманизмро ифода мекунад, Одамият як катор сифатхо — хайрхохи, эхтироми одамон, чоннисори барои манфиати дигарон, инчунин инсондусти, хоксори, росткори, самимият ва гайраро дарбар мегирад. Одамон дар рухияи Одамият тарбия меёбанд.
Одамият вобаста ба хусусияти муносибатхои чамъияти тагйир меёбад. Дар чамъиятхои истисмории синфи, ки хар кас барои истисмори шахси дигар мекушад, дар муносибатхои байнихамдигарии одамон берахмию золими хукмфармост. Одамият дар ин гуна чамъият асосан хоси ахли мехнат аст. Дар эчодиёти Рудаки, Хофиз, Саъди, Хилоли ва дигар Одамият чузъи ахлоки ботинист.
Тани одами шариф аст ба чони одамият.
На хамин либоси зебост нишони одамият.
(Саъдй)
Аломати асосии Одамият аз шар дур ва хайрхохи омма будан, нисбат ба дигарон нуктагири накардан, «рузи зиллат фурутани кардан» аст.
Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхохи халк будан, нафъи безар доштан. (Асири)
Одамият хамчун сифати начиби инсони дар зимни муборзаи ба мукобили беадолатии ичтимои ва шароити зиддигуманистии хаёт парвариш меёбад. Танхо дар замони сотсиализм барои ба талаботи хатмии ахлоки табдил додани Одамият, ки ба хама сохахои хаёти чамъият ва одам мансуб бошад, заминахои объективи мухайё мешавад.
Дар чамъияти сотсиалисти кирдори берахмона, хамчун зухуроти гузашта зохир шуда, бо афкори умум махкум карда мешавад. Барои зухуроти чохилонаи берахмию золими (зури, авбоши ва гайра) аз руи конун чазо медиханд.