Маълумоти охирин
Главная / Илм / Объективизм

Объективизм

Объективизм, усули омузиши вокеият, ки даъвои «бетарафи» до­рад ва худдори кардан аз мухокимаи илмию танкиди дар бораи макому максади масъалахои ахамияти идеологи дошта, махсусан хулосахои назарияви ва партияви (нигаред Партиявият) модияти он аст. Объективизм даъвои объективияти донишро дош­та бошад хам, дар асл донишро на танхо махдуду танг месозад, балки доираи инкишофи субъективизми ичтимоию синфиро рупуш менамояд.

Намояндагони Объективизм бисёр масъалахои мохияти синфи доштаро гайрисинфи ва бепартияви хисобида, дар асл ба бепринсипи ва тахрифи вокеияту ходисоти объективи рох медиханд, дар амал аз зиддиятхои синфи ва ичтимои сарфи назар мекунанд. Объективизм маънои ба идеологияи гайриилми ва зиддиилми созиш намуданро дорад.

Объективизм субъектхои таърихиро бозичахое медонад, ки гуё онхо аз тарафи омилхои бешахс рохбари карда мешаванд. Объективизм дар сохаи санъат барои аз зиддиятхои ичтимои, масъалахои ахлок чудо кардани асари бадеи, махрум кардани он аз роли фаъоли граждани мекушад.

В. И. Ленин зимни танкиди акидахои «марксистони легали»— П. В. Отруве, М. И. Туган-Барановский ва гайра мафхуми « Объективизм »-ро тахкик намуда, зикр кардааст, ки материа­лизм «…партиявиятро дар бар гирифта, касро водор мекунад, ки дар вакти бахо додан ба хар ходиса руйрост ва ошкоро дар нуктаи назари гурухи муайяни чамъияти истад» (Acархо, чилди 1, сахифаи 465). Объективизм дар фалсафаи муосири буржуази тамоми бадбахти ва зиддиятхои ичтимоиро нати­чаи инкшпофи техника ва мошинхои мураккаб дониста, сабабхои вокеии ходисахоро рупуш мекунад.

Фалсафаи марксисти таълим медихад, ки Объективизм  хам ба мисли субъек­тивизм мохияти ходиса ва вокеахои ичтимоиро дуруст ошкор намекунад ва намояндагони он низ харчанд назарияашонро фавкуссинфи ва комилан илми шуморанд хам вазифаи муайяни синфи ва ичтимои дошта, билохир манфиати буржуазияро химоя мекунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …