Объект (лотини objectum—предмет, аз лотини objicio — ба пеш мепартоям, мукобил мегузорам), чизест, ки дар мукобили фаъолияти амали ва маърифатии субъект карор мегирад. Объект ашёест, ки ба фаъолияти инсон пайваст шуда, новобаста ба шуур ва иродаи у вучуд дорад.
Дар айни замон объективияти реали барои хар як фарди дарккунанда чун Объект дар шакли фаъолият, забон ва дониш зухур меёбад. Харакати маърифат аз дарачаи мурокиба то ба тачриба боиси пайдоиши Объекти назарияви мегардад, ки он аз маърифати тачрибави ба кулли фарк мекунад.
Вале Объекти тачрибави ва назарияви ду сохаи гуногуни фаъолият нестанд. Предметхои маърифати назарияви, аз кабили газхои идеали, чисмхои сахти идеали ва ашёи дигари идеали ба таври реали вучуд надоранд, балки дар забони назарияви хамчун василаи зарурии чудо кардан ва кайд намудани он чихатхои Объект истифода мешаванд, ки бе дониши тачрибави онхоро ба таври комил бо тамоми хусусиятхояшон дар бар гирифтан имконпазир нест.
Статуси онтологии чунин Объектхои назарияви монанди атомхо, заррачахои элементари ва гайра барои шархи амалиёти Объектхои тачрибави истифода мешавад. Масалан, бо ёрии назарияхои молекулярию кинетики шарх додани баъзе хусусиятхои амалиёти макрочисмхо ва гайра.
Ба ин минвол, харакати доимии маърифат аз тачриба ба суи назария харгиз дур шудан аз як Объекти муайян ва табдили он ба баъзе мазмунхои дигар набуда, балки воситаи инъикоси аники мазмуни дакикии Объект мебошад. Таълимоти назариявию маърифатии мазкурро материализми диалектики инкишоф медихад. Ин таълимот ба ду назарияи фалсафи зид аст: аввалан, ба назарияе, ки Объекти донисташавандаро барои субъект бевосита додашуда медонад; сониян, ба таълимоте, ки Объектро «объективкунонии» модияти худи субъект мехисобад.