Нутасия (лотини nutatio — лаппиш) дар механика, харакати лаппандаи чисми сахт хангоми дар атрофи мехвари худ давр задани чисм; ин гуна харакат дар мехвари даврзании хусусии чисм ба вучуд меояд ва хар кадаре ки чисм бо суръати калон давр занад, басомади лаппиши нутасионии он хамон кадар зиёд, амплитудааш кам мешавад. Нутасия бо пресессия дар як вакт ба амал меояд. Хангоми Нутасия кунчи байни мехвари даврзании хусусии чисм ва мехваре, ки дар атрофи он пресессия ба амал меояд, тагйир меёбад. Назарияи Нутасия ба муодилахои динамикии Эйлер асос ёфтааст.
Нутасияи астрономи дар лаппишхои хурди мехвари Замин зухур меёбад. Ба харакати шаборузии Замин куввахои кашиши Офтоб ва Мох таъсир мерасонанд. Мехвари даврзании шабо- рузии Замин тамоюли худашро нисбат ба эклиптика тагйир надода ха- ракаташро давом медихад, зеро куввахои пресессионии Офтоб ва Мох низ тагйир ёфта меистанд. Нутасияи даврзании мехвари Заминро соли 1737 астрономи англис Ч. Брадлей кашф кардааст. Даври ин гуна лашшшхои нутасиони ба 18,6 сол, яъне ба даври гиреххои мадори харакати Мох баробар аст. Дар сфераи осмон кутб эллипси нутасионие мекашад, ки нимтирхояш 9″21 ва 6″86 мебошад. Кимати Нутаисяро соли 1953 астрономи америкои Э. Вулард дарёфтааст.