Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нозим Хикмат Ран

Нозим Хикмат Ран

Нозим Хикмат Ран (Nazim Hikmet Ran; 20. 01. 1902, Салоники — 3.6. 1963, Москва), шоир, нависанда ва ходими чамъиятии турк. Асосгузори назми револютсонии Туркия. Аз оилаи ашроф. Нозим ХИКМАТ иштирокчии фаъоли харакати озодихохии           миллии Туркия (1918—1922). Асархояш аз соли 1917 нашр шудаанд. Соли 1920 аз Истанбули забтшуда ба Анатолия омад. Дар он чо чанги миллию озодихохи мерафт. Соли 1921 ба мамлакати совети омада, дар Университети коммунистии мехнаткашони Шарк тахсил кард ва ба сафи РКП (б) дохил шуд (1922). Соли 1924 ба Туркия баргашта, ба сафи Партияи Коммунистии Туркия даромад. Дар газета ва журналхои револютсиони хамкори намуд. Соли 1927 ба сабаби авч гирифтани таъкибот боз ба Иттифоки Со­вети омад. Аввалин мачм, ашъораш «Таронаи нушандагони офтоб» (1928) дар Боку нашр шудааст.

Дар ашъо­ри индавраинаи Нозим Хикмат шаклпарасти ба назар мерасад. Соли 1928 боз ба Туркия баргашт. Дар мачм, шеърхои «835 сатр» (1929), «Варан-3» (1930), «1 + 1 = 1» (1930) ва «Шахри овозгумкарда» (1931) империализмро фош ва халки Туркияро ба мубориза даъват карда, револютсияро васф менамояд. Достони «Чоконда ва Си-Я-у» (1929) ва романи манзуми «Барои чи Бенерчи худро халок сохт?» (1932) ба мукобили сиёсати мустамликадорин империалистов равона шудаанд. Дар песахои «Косахонаи сар» (1932), «Хонаи мархум» (1932), «Одами фаромушшуда» (1935) такдири шахс дар чамъияти капиталисти инъикос ёфтааст. Барои мачм., шеърхои «Телеграммаи шабомада» (1932), ки дар он коммунистони Туркияро ба муборизаи собиткадамона дар рохи демо­кратия даъват намудааст, ба хабси панчсола махкум гардид (баъди як сол бо афви умум озод шуд). Пас аз ин кариб баъди нашри хар як асараш ба хабс гирифта мешуд. Дар мачм. «Портретхо» (1935), достони «Мактубхо ба Таранта Бабу» (1935) ва асари публитсистии «Фашизми немис ва назарияи нажод» (1936)

фашизм ва тарафдорони дар Туркия будаи онро мазаммат намудааст. «Достони дар бораи шайх Бадруддиини Шимавни» ва хамчун илова ба ин китоб «Ифтихори милли», ки дар асл тарчумаи асари В. И. Ленин «Дар бораи ифтихори миллии великоросхо» аст, асархои охирине буданд, ки соли 1936 дар Туркия ба табъ расидаанд. Соли 1938 ба муддати 28 сол ба хабс хукм шуд. Умуман, 17 соли умри Нозим Хикмат дар махбасхои Тур­кия гузашт. Эпопеяи «Манзарахои хаёти инсон», мачм. шеърхои «Мак­тубхо аз махбас», песахои «Афсонаи ишк», «Юсуф ва Зулайхо» дар хабсхона навишта шудаанд. Соли 1950, хукумати Туркия зери фишори афкори чамъиятии чахон уро аз хабс озод кард.

Соли 1951 ба СССР, ки ватани дуюмини у буд, омад. Дар ин чо у песахои «Хикояхои доир ба Тур­кия» (1952), «Шахси ачиб» (1955), «Оё Иван Иванович вучуд дошт?»-ро (1956) навишт. Таъсири Нозим Хикмат дар назми муосири Туркия зиёдбуда, бо номи у як равияи томи адаби вобастааст. Шеърхои у ба бисёр забонхои чахон тарчума гардида, песахояш дар театрхои чандин мамлакатхо намоиш дода мешаванд. Аъзои Бюро (аз соли 1951) ва президиуми (аз 1952) Совети Умумичахонии Сулх, лауреат Мукофоти байвалхалкии Сулх (1950). Ба забони точики романхои «Романтика» (1966) ва «Шаби арафаи зилзила» (1963), мачм. хикояхои «Чанд хикоя» (1967), мачм. «Шеърхо» (1954—1968) ва мачм. афсонахои «Абри ошк» (1972) ва гайра тарчума шудаанд.

Ад.: Бабаев А. А., Назым Хикмет, М., 1957; Фиш Р. Г., Назым Хикмет, М., 1968; Горбаткина Г. А., Пьесы- легенды Наэыма Хикмета, М.. 1967.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …