Новиков-Прибой (тахалл.; фам. Новиков) Алексей Силыч (24. 03. 1877, дехаи Матвеевкаи губ. Тамбов, хозира райони Сасови вилояти Рязан — 29.04.1944, Москва), нависандаи советии рус. Аз оилаи девкон. Бахрнаварди Флоти Балтика буд (1899— 1906). Иштирокчии мухорибаи Тсусима (1904—1905). Асархояш аз соли 1906 нашр мешаванд. Аввалин мачм. у — «Хикояхои бахри» соли 1917 чоп шудааст. Барои фаъолияти револютсионнаш аз тарафи хокимияти подшохи таъкиб шуда, чанде (1907—1913) берун аз ватан зистааст.
Эчодиёти Новиков-Прибой, ки бо таъсири М. Горкий ривоч гирифтааст, дар чараёни адабиёти реалистии рус инкишоф ёфта, анъанаи адабиёти «бахри»-и классикиро давом додааст (повести «Бахр даъват мекунад», 1919; романхои «Гаввосон», 1923, «Купели шур», 1919 ва гайра). Асархои бехтарини Новиков-Пробой — эпопеяи таърихии «Тсусима» (ч. 1—2, 1932—1935; Мукофоти давлатии СССР, 1941) ба кахрамонии бахрнавардони рус, офитсерони бехтарин бахшида шуда, берахмию зулми фармондехони флоти подшохиро нисбат ба зердастон фош кардааст. Солхои Чанги Бузурги Ватани бо очерку маколахои доир ба флоти совети баромад карда, романи «Капитани дарачаи 1»-ро (к. 1—2, 1942—1944, нотамом) навишт. Баъзе асархои Новиков-Прибой ба забонхои хоричи тарчума шудаанд. Аз руи асархои у филм бардошта шудааст. Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.
Ос.: Собр. соч., т. 1—5, М., 1963.
Ад.: Русские советские писатели-прозаики. Бнобнблиопяфическнй укаватель, т. 3, Л., 1964.