Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохиябандии зилзила

Нохиябандии зилзила

Нохиябандии зилзила, муай­ян кардани баллнокии мавзеъхои зилзилахеэ, худуди минтакахои баллнокии онхо ва даври такрори зилзила дар ин нохияхост. Харитан Нохиябандии зилзила дар асоси комплексона мстифода бурдани маълумотхои сейс­мологи (таксимоти фазоии манбаъхои зилзила ва зухуроти лаппишхо дар сатхи замин, магнитуда ва ё энергияи зилзила, такрор ёфтани онхо дар макону замон, сохти умкии каъри замин ва гайра), геологи (текто­ника ва неотсктоника, ларзиши кафидахо ва гуногунии навтарин харакатхои тектоники) ва геофизики (сохти кабатхои болоии кишри за­мин ва мантияи болоии он, градиенти майдонхои геофизики, харакатхои хозиразамон ва монанди инхо) тартиб дода мешавад.

Дар харитаи Нохиябандии зилзила нохияхои серзилзилае нишон дода мешаванд, ки шарту шароити заминашов мутавассит бошанд. Ба ин кабил заминхо хок, хоки регдор ва реги нишаста, ки дар онхо умки обхои зеризамини бештар аз 9 м., инчунин заминхои шагалсангу кафадасанги умки обхои заминиашон 6— 40 м мебошанд, мансубанд.

Бо максади муайян кардани баллнокии махалхое, ки барои сохтмони бинохо ё худ шахрхо чудо кар­да мешаванд, шарту шароити заминии он (хосиятхои физики ва динамикии кабатхои замин, релефи махал, хусусиятхои спектрии лаипишхо, сатхи обхои замини ва гайра)-ро ба хисоб мегиранд. Ин кисмати корро микронохиябандии зилзила мено­манд.

Солхои охир дар сохаи Нохиябандии зилзила мафхуми ба ном нохиябандии дакики зилзила ба миён омад, ки байни Нохияхои зилзила ва микронохиябандии зилзила баъзе масъалахоро хал менамояд. Нохиябандии дакики зилзиларо ода­тан дар мавзеъхое мегузаронанд, ки барои сохтмони иншоотхои бузурги гидротехники (масалан, нохияи ГЭС-и Норак ва Рогун) интихоб карда ме­шаванд. Дар он баллнокии нохия, вобаста ба шароитхои конкретии гео­логи, акселерограмма (сабти тезшавии лаппишхои сейсмики), велисограмма (сабти суръати лаодашхои сейсмики), сейсмограммаи махалро муоина мекунанд, мавчудияти кафидахои хурду калонро ошкор менамоянд, хомуш шудани латтишхои зилзила, механизми манбаи зилзила, пахноиши зилзиларо дар умки за­мин ва дигар масъалахоро меомузанд.

Харитаи Нохиябандии зилзила одатан дар масштаб­хои 1:1000 000, 1:2500000, харитаи нохиябандии дакики зилзила дар масштабхои 1:20000, 1: 40000, харитаи микронохиябандии зилзила дар масштабхои 1: 10000, 1: 25000 тартиб дода мешавад. Чунин харитахоро дар сохтани бинову иншоот чун норматив истифода мебаранд. 28,6%-и тамоми территорияи мамлакатамонро нохияхои зилзилахез ташкил медиханд. Аз онхо 2,4%-аш нохияхои нухбалла ва 3,2%-аш нохияхои хаштбалла мебошанд. Дар СССР Камчатка, чазирахои Курил, Прибайкалия, Осиёи Ма­ёна нохияхои бештар зилзилахезанд. Нохияхои Кавказ, Крим, Молдавия ва серзилзила мебошанд.

Харитаи Нохиябандии зилзилаи Осиёи Миёна, аз чумла территорияи Точикистонро соли 1933 ге­ологи маъруфи совети Д. И. Мушке­тов тартиб дода буд. Дар чараёни гун кардани маълумотхои сейсмоло­ги ва геологи геологи совети Г. П. Горшков солхои 1940, 1949 ва 1951 вариантхои гуногуни харитахои Нохиябандии зилзила Осиёи Миёнаро тартиб дод, ки онхо барои сохтмони иншоотхои саноатию граждани чун норматив истифода мешуданд. Сонитар харитаи Нохиябандии зилзилаи Осиёи Миёна тахти рохбарии С. В. Медведев (1957), алалхусус Нохиябандии зилзилаи территорияи Точикистон тахти рохбарии В. Н. Гайский, В. М. Рейман, А. П. Каток (1963) тартиб дода шуданд. Соли 1975 аз тарафи коллективи калони муаллифон тахти рохбарии академик М. А. Садовский харитаи нави нормативии Нохиябандии зилзилаи СССР кашида шуд.

Геолог ва сейсмологхои точик А. М. Бобоев, Г. В. Котлаков ва К. М. Мирзоев соли 1978 харитаи нави Нохиябандии зилзилаи Точикистонро тартиб доданд. Фарки ин харита аз харитахои мавчудан Нохиябандии зилзила дар он аст, ки дар зонахои зилзилахез, шарту шароитхои микдории маълумотхои сейсмологи, геологи ва геофизики ва такроршавии зилзила дар структурахои конкретии зилзилахез нишон дода шудаанд. Дар ин харита ба чуз нохияхои 7, 8 ва 9- балла, инчунин се категорияи зил­зила нишон дода шудааст, ки мувофикан дар 30—300, 300—3000 ва 3000—30000 сол зилзила як маротиба такрор ёфта метавонад. Муаллифони асари мазкур барои ин тадкикоти навин сазовори лауреати Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Абуали ибни Сино гардиданд. Харитаи Нохиябандии ззилзила ниг. маколаи Зилзила.

Ад: Сейсмическое районирование СССР М.. 1968; Строительство в сейсмиче­ских районах. Нормы и проектировании, М.. <970; Бабаев А. М. Гва диг.1, Сейсмическое районирование Таджикис­тана. Д.. 1978.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …