Нежданова Антонина Васильевна (16.6.1873, дехаи Кривая Балка, хозира pайони Сарати вилояти Одесса — 26. 6. 1950, Москва), сарояндаи советни рус (сотсранои лирики- колоратури), Артисти Халкии СССР (1936), доктори илми санъатшиноси (1944), Кахрамони Мехнат (1925). Аз 7-солаги месуруд. Солхои 1899-1902 дар Консерваториям Москва (синфи У. Мазетти) тахсил намудааст. Аввалин бор дар сахнаи Teaтри Калон (партияи Антонида, «Иван Сусанин»-и М. Глинка) хунарнамои кардааст.
Партияхои бомуваффакият ичрокардаи у: Чильда, Людмила («Риголетто»-и Ч. Верди, «Руслан ва Людмила»-и М. Глинка, 1902), Розина («Сартароши севили»-и Ч. Россини, 1903), Татьяна («Евгений Онегиной П. И. Чайковский, 1906); Снегурочка, маликая Шемахон («Снегурочка», 1907, «Афсона дар васфи шод Султон», 1909, асархои Н. А. Римский-Корсаков) ва дигар. Дар хаман операхо Л. В. Собинов мусохими доимии Нежданова буд. Минбаъд тахти рохбарии Ф. И. Шаляпин, М. Н. Ермолова ва К. С. Станиславский репертуари консертиаш бой гардид. Ба он асархои С. В. Рахманинов, П. И. Чайковский, Л. Бетховен, Ф. Шуберт, И. Ф. Стравипский,, романсхо ва сурудхои халкии руси дохил мешуданд. Ба воситаи радио низ баромад мекард. Партияхои минбаъд ичрокардаи у—Малика-Ку («Афсона дар васфи шох Султон»-и Римский-Корсаков), Парася («Ярмаркаи Сорочин»-и М. П. Мусоргский) ва гайра. Аз соли 1936 дар студияи Teaтри Калон вa баъдтар дар Студияи операвии К. С. Станиславский дарс гуфтааст.
Соли 1943 профессори консерваториям Москва. Муаллифи як катор маколахо доир ба эчодиёти Римский-Корсаков, С. В. Рахманинов, Л. В. Собинов ва дигар Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.