Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати конститутсиони

Назорати конститутсиони

Назорати конститутсиони дар давлатхои хоричи тафтиши му- вофикати конун ва дигар актхои нормативи бо конститутсияи мамла­кат. Назорати конститутсиони аз тарафи: а) хамаи судхои умумии хукуки судкунидошта (масалан, дар ШМА, Аргентина, Да­ния,  Норвегия, Янония);       б) суди оли, ки инстансияи олии суди хисоб меёбад (масалан дар Австрия, Хиндустон, Боливия ва гайра); в) судхои махсуси конститутсионие, ки Назорати конститутсиони барои онхо вазифаи асосист (масалан, дар Австрия, Италия, РФГ, Туркия, Кипр); г) ор­ганхои махсуси гайрисуди (масалан, Со­вети конститутсионии Франсия) мумкин аст ба амал бароварда шавад.

Конунхои мукаррари, тагйирот ба конститутсия, шартномахои байналхалки, регламенти палатахо, актхои нормативии органхои ичроияи хокимият (дар мамлакатхое, ки адлияи маъмури надоранд) объектхои Назорати конститутсиони шуда мета вонанд. Дар давлатхои федеративи муайян кардани доираи хукуки байни иттифок ва субъекти фе­дератсия объекти Назорати конститутсиони мебошад. Назорати конститутсиони аз руи мазмун расми ва модди меша­вад. Органе, ки Назорати конститутсиониро ба амал мебарорад, хак дорад тамоми конун ё як кисми онро мухолифи конститутсия донад. Дар ин сурат нормахои мухо­лифи мазкур кувваи юридикии худро гум карда, истафодаи онхо аз та­рафи судхо ва органхои дигари дав­лати кат мегардад.

Назорати конститутсиони дар мамлакатхои сотсиалисти, пеш аз хама, аз тарафи органхои давлати ба амал бароварда меша­вад. Хар як органи давлати дар до­ираи хукукихои худ ба риояи консти­тутсия назорат мекунад. Вазифахои махсуси Назорати конститутсиони, хамчун воситаи конунияти сотсиалисти, ба зиммаи орган­хои суду прокуратура гузошта ме­шаванд. Дар баъзе мамлакатхои со­тсиалисти (Югославия, Чехословакия) судхои махсуси конститутсиони ташкил дода шудаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.