Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати халки

Назорати халки

Назорати халки системаи на­зорат дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, ки ба он Комитети вазорати халкии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ рохбари ме­кунад. Назорати халки аз болои аппарати идоракунии давлатии совети ва шахсо­ни мансабдори он, шахсони мансабдори колхозхо ва дигар ташкилотхои кооперативию чамъияти дар шакли тафтиши муттасили рафти ичрои планхои давлати, дуруст ва сарфакорона таксам намудани захирахои мехнатию. модди, маблагхои пули, такмил додан ва кам кардана харчи аппарати идоракуни, таъмини риояи интизоми давлати ва конунияти давлати гузаронда мешавад.

Мувофики Программаи КПСС (1961) Назорати халки дар асоси омезиши назорати давла­ти бо инспексияхои чамъияти дар махалхо ташкил шудааст. Дар сохахои хочаги, илму техника ва гайра дар катори аппарати асоси инчунин шуъбахои гайриштати, комиссияхои доими ва муваккатии Назорати халки ташкил мешаванд, ки дар онхо чамъиятчиён кор мебаравд. Нисбат ба вайровкунандагони тартиботи давлати дар баробари чорахои таъсири чамъияти (огохи, дар коллективи мехнати мухокима кардани кирдори ношовста), чорахои таъсири давлати (нигох доштани пул, дур кардан аз вазифа ва гайра) истифода бурда мешававд.

Дар республикахои иттифокию автономи, кишвархо ва вилоятхо комитетхои Назорати халки, дар вилоятхои автономи низз комитетхои округи, шахри, районии Назорати халки, дар назди Советхои депутатхои халкии кишлокиву посёлкави, дар корхонахо, колхозхо, муассиса ва кисмхои харби гурух ва постхои Назорати халки ташкил карда мешавад. Назорати халки аз руи тарзи ташкил, хайат, тарзу усу­ли фаъолияташ демократист: аъзоёни гурух ва постхо дар мачлисхои коллективхои мехнаткашон инттхоб шуда, комитетхои махалли дар сессияхои Советхои депутатхои халки барпо мегарданд. Ба органхои Назорати халки коргарон, колхозчиён, хизматчиён, нафакахурхо, сохибхоназанон, ком- мувистову бепартиявиён, намоянда- гони ташкилотхои чамъиятию партияви, иттифокхои касаба, комсомол ва гайра интихоб мешаванд. Конунро дар бораи Назорати халкии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ Совети Олии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ соли 1978 кабул кардааст. Ба сис­темаи Назорати халкии Точикистон Комитети вазорати халкии РСС Точикистон рохбари мекунад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.