Назарияи стеляри, таълимот дар бораи сохт ва алокаи тарафайни навъхои стела (кисми марказии поя ва решаи растани) дар растанихои дарачаи оли. Ин таълимотро соли 1886 ботаникхои франсави Ф. Ван Тигем ва А. Дулио кашф кардаанд. Таснифи аввалини стелахо низ ба онхо тааллук дорад. Дар тараккиёти минбаъдаи Назарияи стеляри хизмати олимони англис Г. Бребнор, америкои Э. Чефри, немис В. Симмерман ва совети К. И. Мейер, A. Л. Тахтаджян ва дигарон хеле бузург аст. Кисми асосии стела аз чуб (ксилема) ва аз лиф (флоэма) иборат аст, ки бо перисикл ихота шудаанд. Стелахо ба якчанд навъи аз чихати филогенези ба хамдигар алокаманд (протостела, плектостела, сифоностела ва гайра) чудо мешаванд. Прогостела навъи аз хама соддатарини онхо буда, дар протсесси эволютсия вавъхои боди- мондаи стелахо аз он инкишоф ёфтаавд. Тадкикоти тахаввули стелахо ахамияти филогенези дорад.
Ад.: Тахтаджян A. JI., Высшие растения, М.—Л., 1056; Мейер К. И., Морфогенез высших растений. М.. 1958.