Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи мошин ва механизмхо (НММ)

Назарияи мошин ва механизмхо (НММ)

Назарияи мошин ва механизмхо (НММ) илмест дар бораи методхои умумии тадкику лоихакашии мошин ва механизмхо. НММ-ро шартан ба ду кисм: назарияи механизмхо ва назарияи мошинхо чудо мекунанд. Фаслхои асосии НММ-ро синтези механизмхо, динамикаи мо­шин ва механизмхо ва назарияи мошин-автоматхо ташкил медиханд.

Дар фасли синтези меха­низмхо схемаи оптималии механизм ва параметрхои ин схема, ки ичрои харакатхои матлубро таъмин мекунанд, муайян карда мешавад. Дар фасли динамикаи мошин ва механизмхо харакати эвенохои чудогонаи механиамхоро тахти таъсири куввахои беруна тадкик мекунанд. Дар фасли сеюм усулхои мувофики шароити кори механизмхои чудогона сохтани схемахои мошин-автоматхо ва ноил шудан ба махсулноки, сахехи ва боэътимодии кори онхо тадкик мешаванд. Асосгу- зорони НММ дар Россия Л. В. Ассур, П. Л. Чебишев, А. П. Котелни­ков, В. В. Доброволский, Н. Е. Жу­ковский, Н. И. Мертсалов ва дигарон ме­бошанд. Дар инкишофи НММ сахми олимони совети И. И. Артоболевс­кий, В. А. Гавриленко, Н. И. Колчин ва гайра бузург аст. Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, ШMA, РДГ, РСР, РСЧС ва РФГ баъди хар 2—3 сол доир ба проблемахои ин илм конференсияхои милли гузаронда мешаванд. Доир ба НММ соли 1969 як ташкилоти бонуфузи байналхалки таъсис карда шуд. Дар мактабхои олии педагоги ва техникии То- чикистон НММ таълим дода меша­вад. Олимони Институти политехникии Точикистон ба тадкики кинематика ва динамикаи механизмхои мошинхои пахтатозакуни ва бофандаги (аз чихати бехтар намудани сифати махсулоти ин молинхо), оптималонии хатхои пай дар пай заводхои пахта (аз чихати баланд кардани боэътимодии кори онхо) мутахассисони Институти хочагии кишлоки Точикистон ба омузиши кори редукторхои сайёравии мошинхои хочагии кишлок машгуланд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …