Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи идораи автомати (НИА)

Назарияи идораи автомати (НИА)

Назарияи идораи автомати (НИА) як фасли кибернетикаи техникист, ки объекти тадкики он системахои идоракунии автомати (СИА)-и гуногун мебошанд; принсипхои сохтани системахои идоракунии автомати ва конуниятхои асосии просессхои онхоро меомузад. Дар аввал НИА хамчун назарияи танзими автомати (НТА) такмил  ёфта, яке аз фаслхои механикаи на- зари ва техники ба шумор мерафт. НТА просессхои идоракунии дегхои буги, мошинхои бугиву электри ва гайраро ба тарзи чудогна меомухт, ки вазифаи асосиаш ин ё он холати объектро устувор нигох доштан (стабилизатсии кардан) буд; масалан, бо воситаи танзимахо (регуляторхо) ба тарзи автомати танзим кардани параметрхои гуногун: басомади чархзании наварди мопшну мухаррикхо, харорат, фишор, иктидор, масриф ва гайра НТА-ро хамчун илм физики англис Ч. К. Максвелл (1831—1879), олимони рус И. А. Вишнеградский (1832—1895), А. А. Ляпунов (1857— 1918), инженер ва олими словаки А. Стодола (1859—1942) ва дигарон дар асархои худ тадкик намуданд. Минбаъд дар натичаи зуд тараччи ёфтани хамаи сохахои илму техника, дар асоси назариян танзими автома­ти, НИА ташаккул ва такомул ёфт.

Дар миёнахои асри 20 маълум гар­дид, ки просессхои идоракуни дар техника, организмхои зинда ва чамъият (иктисодиёт) умумият доранд. Сипас муайян мешавад, ки НТА чун фании техники на факат просессхои идоракуниро дар техника баён кар­да ва ба онхо таъсир намуда метавонад, балки доираи татбики он то ба сохахои просесси идоракуни дар организми зинда ва чамъият васеъ гардида, дар айни замон вазифаву максад ва методхои он низ мураккаб мегардад ва «Назарияи идоракунии автомати» (НИА) ном мегирад. Агар ба НТА вазифаи устувор нигох доштани (стабилизатсияи) ин ё он холати додашудаи объект хос бошад, дар НИА ин вазифа ба пробле-

маи мутобикат 8 адаптатсия, ки он пеш аз хама ба организми зинда ё ташкилоти чамъияти хос аст, хамчун кисми таркиби дохил мешавад. Проблемаи асосии НИА анализ ва синтези системахои идоракунии ав­тматист, ки максад аз он ба вучуд овардани системаи идоракунии дакик ва коршоям мебошад. халли ин проблема омухтани хосиятхои дина­микии СИА-ро талаб мекунад, ки ба­рои ин тасвири математикии рафтори хамаи элементхои система дар просессхои гузариш (гайристасионари, аз як холат ба холати дигар гузаранда) зарур аст. Ин бо воситаи системахои муодилахои дифференсиали ва сохахои дигари математи­ка ба вучуд оварда мешавад.

НИА мафхуми характеристнкахои динамики — функсияхои тахвили, характеристикахои басомади ва вактиро чори намуд, ки тартиб додани моделхои математикии системахо ва анализу синтези минбаъдаи онхоро содда гардонид. Анализи динамикии СИА коршоями ва дакикии онхоро муайян мекунад. Шарти зарурии ко­били кор будани СИА устувории онхо мебошад, ки он дар иатичаи тагйир додани параметрхои система ва структураи он таъмин мешавад. Дакикии СИА бо нишондихандахое муайян карда мешавад, ки мачмуи онхоро сифати идоракуни меноманд. Мухимтарин нишондихандахои сифати СИА носахехии статики ва динамики, вакти танзимкуни ме­бошанд. Ин нишондихандахо бо мукоиса намудани тагйирёбии бузургихои идорашавандаи просесси гузариши хакики ва просесси гузариш аз руи конун муайян карда мешаванд. СИА-е, ки ягон нишондихандаи сифати он ба кимати экстремум расидааст, системаи оптимали номида мешавад. Тартиб додани алгоритми, идоракуни ва коркарди структураи ба он мутобики системае, ки вазифаи додашударо бо сифатхои зарурии идоракуни ичро ме­кунад, инчунин мукаррар кардани кимати параметрхои ин система, мазмуну мундаричаи проблемаи синтезро ташкил медихад. Одатан то огози коркарди системаи идоракуни чунин маълумотхои ибтидои муай­ян карда мешаванд: хусусияти объекти идорашаванда, характери ангезишхои ба он таъсиркунанда, матлаб ва дарачаи дакикии идоракуни. Матлаби идоракуни тарзи идораку­ниро муайян мекунад. Халли про­блемаи синтези системахо, асосан бо истифодаи ду усул: аналитики (тахлили) ва пай дар хам н а з д и к ш а в и ба амал оварда меша­вад. Хангоми сохтани системахои идоракунии мураккаб, гайр аз методхои назари, усули моделониро (бо кор фармудани хисобмошинхои аналоги ва раками) истифода мебаранд. Моделони имкон медихад, ки

таъсири чунин омилхо, ба монанди гайрихаттигии координатахо ва тагй- ирёбандагии параметрхо, ки барои тадкикоти аналитики мамонияти калон мебошанд, ба хисоб гирифта шавад. Гайр аз ин, истифодаи хисобмошинхо зарурати хисобу китоби мураккабро аз миён мебарад. Халли проблемахои синтези СИА ба пайдо шудани принсипхои нави самараноки идоракуни ва дар НИА инкишоф ёфтани сохахои мухими мустакил: идоракунии оптимали, динамикаи статистики ва хассосии системахои идоракуни мусоидат кард. Назарияи идоракунии оптимали мукаррар намудани структураи сис­темаи идоракунии нишондихандахои сифаташ нихоят баландро имконпа- зир сохт. Нишондихандахои оптималият хеле гуногун буда, нитихоби он ба вазифаи гузошташуда вобаста мебошад. Мисоли чунин нишонди­хандахои оптималият инхоанд: нишондихандаи хосияти динамикии системаи том, критерияи сарфанокии режимхои объектхои идорашаванда, тезкории система (дар фосилаи минималии вакт аз як холат ба хола­ти дигар гузарондани объекти идора­шаванда) ва гайра Динамикаи статистикии системахои идо­ракуни таъсири ангезишхои тасодуфиро ба ин системахо меомузад. Методхои тадкики статистики барои омухтани навъхои гуногуни систе­махои идоракуни васеъ истифода шуда, хусусан барои системахои му- тобикаткунанда (адаптиви) ахамияти калон пайдо кардаанд. Назари­яи хассосии системахои идоракуни вобастагии хосиятхои динамикии системахоро ба па­раметр ва характеристикахои тагйирёбандаи онхо тадкик мекунад. На­зарияи хассоси дар баъзе мавридхо нишон додани роххои ба вучуд овар­дани системахои худсозшавандаи бечустучуро имконпазир месозад Яке аз равияхои вусъатёбандаи НИА назарияи умумии мутобикаткуни (адаптатсия) мебошад, ки дар асоси методхои статистики ва программасозии хатти инкишоф ёфтааст. Ба НИА робитаи мутакобили то рафт мустахкамшаванда бо математика, физика ва дигар фанхои техники хос мебошад, ки барои халли масъалахои мураккаби идораи автоматии за­рур аст. Ниг. низ Алокаи акс.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …