Хели растани, к у л т и в а р, мачмуи раста- нихоест, ки бо рохи селекксиони ба вучуд омадаанд ва аломату хусусиятхои муайяни морфологию физиологи ва хочагии худро аз насл ба насл мегузаронанд; вохиди таснифоти растанихои мазруъ. Навъи растани махалли ва селоксиони мешавад Навъхои м а х а л л и махсули селексиям халки буда, дар натичаи интихоби умумии дурудароз ба даст омадааст. Онхо ба шароити махал нагз мутобик буда, бисёр хусусиятхои мухими хочагию селексиони доранд. Навъхои селексиони дар муассисахои тадкикоти илми бо усулхои махсус ба вучуд оварда мешаванд.
Навъхо аз руи пайдоиш ва хусусиатхои биологи хатти (насли як растении худгардолудшаванда, ки хусусиятхои якхела дошта, бо рохи интихоби фарди ба даст овардаанд), фарди (мачмуи растанихои аз чихати генетики якхелаи одатан дутарафа гардолудшаванда, ки як ё якчанд аломатхои умуми доранд), клони (насли интихобии растании аз чихати генетики бештар якхела, ки бо рохи нашви — каламча, бехчаст ва пайванд зиёд кардаанд) мешаванд. Навъи растании хамчинсро, ки аломатхои хочаги ва биологии монанд доранд, барои осонии омузиш ва инвентаризатсия ба гуруххо — навътипхо муттахид мекунанд. Навъхои бехтаринро истифода бурдан яке аз бехтарин омилхои баланд бардоштани хосили зироати хлчагии кишлок ва бехтар кардани сифати махсулоти он мебошад. Дар натичаи дурудароз истифода бурдани навъхо сифат ва хосилнокии онхо паст мешавад, ки дар натича масъалаи навъбаркароркуни ба миён меояд. Навъи растанихои кухнаро хар сари вакт бо навъхои серхосилу хушсифат иваз мекунанд.
Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ хамаи навъхоро пеш аз ба истехсолот чори намудан аз сан- чиши давлати (конкурси махсус, ки навъхои бехтаринро интихоб мекунад) мегузаронанд. Ба зиёд кардани Навъи растани муассисахои тухмипарвари машгул мешаванд. Хакики будани Навъи растаниро назорати навъ муайян мекунад.