Намудхои техникии спорт, номи умумии комплексхои машкхои чисмони, малакаю махорат дар сохаи аз худ намудан ва идора кардани тачхизоти спорти техники ва системаи гузаронидани мусобикахо аз руи ин комплексхо; хар Намудхои техникии спорт ахамияти муайяни амали дорад. Ба Намудхои техникии спорт навъхои спорти авиатсиони (парашюти, планёри, самолётрони, вертолётрони), спорти дустдорони радио, автомобилрони, мотосиклрони, тирандози, спорти аэриоби ва гайра мансуб аст. Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ Намудхои техникии спорт аз солхои 50 инкишоф ёфта, аз соли 1958 мусобикахои умумииттифоки гузаронида мешаванд. Охири солхои 50 ва аввали 60 оид ба Намудхои техникии спорт федертсияхои умумииттифоки ташки л карда шуданд, ки онхо соли 1963 дар Бюрои федератсия спортии ДОСААФ-и ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ муттахид гардиданд. Соли 1978 зиёда аз 5 хазор клубхои спорти техники вучуд доштанд. Бо Намудхои техникии спорт бештар аз 20 миллион нафар машгуланд (1978). Хар сол аз руи Намудхои техникии спорт аиёда аа 2 миллион нафар нормахои спортиро ичро мекунанд.
Дар Точикистон аз солхои 60 Намудхои техникии спорт вусъат ёфт. Дар республикака варзишгарон-дустдорони Намудхои техникии спорт оид ба спорти дустдорони радио (таъсисаш 1940, 570 нафар машгулият мегузаро- нанд), автомобилрони (1939, 300 нафар), мототсиклрони (1939,350нафар) тирпаррони (1937, 380 нафар), парашюти (1950, 230 нафар) ва планёри (1960, 280 нафар) машгулият гузаронида, манорати спортии худро баланд мебардоранд. Нигаред низ ба маколаи алохида оид ба Намудхои техникии спорт масалан, Спорти дустдорони радио, Спорти мотосиклрони, Спорти парашюти.