Маълумоти охирин

Найсози

Найсози мусикии нафа­си. Най аз камиш ё бамбук сохта шуда, одатан, хафт бугумчуби онро дар бар гирифта, хафт сурохии асоси до­рад, ки ба яке аз онхо пуф карда овоз мебароранд. Аз руи сохт ва тарзи навохтан ба якчанд навъ чудо мешавад. Агар аз чуб созанд, наи чубин, аз мис бошад, наи миси, аз гил бошад, наи гили мегуянд. Най номи умумии гурухи калони созхои мусики мебошад, ки дар байни бисёр халкхои Шарк маъмул аст. Душох, дунай, кушнай, дудук, тутук аз кабили онхоянд. Най аз чихати тарзи навохтан ду хел мешавад: Найхои бо тарзи уфуки ва амуди навохташаванда.

Таърихи пайдоиши Най хеле кадимист. Ба ин, алалхусус, хайкалчахои найнавозон, ки аз хафриёти бостоншиносон дар Афросиёб ёфт шудаанд, шаходат медиханд. Маълумоти махсуси илми рочеъ ба Най дар асари Фороби «Китоб- ул-мусики-ил-кабир» гирд омадаанд, ки онхоро ба найи имруза нисбат додан мумкин аст. Дар адабиёти форс-точик тавсифи Най хеле зиёд дучор мешавад ва онро комилан чун ифодаи рамзии оханги хазин ё на­вои ушшок ба калам медиханд. Найи точики, ки дар замони мо хеле маъ­мул шудааст, аз кабили Найи бамбу- ки ба шумор меравад. Он аз найчаи диаметраш 20—30 мм ва дарозиаш 450—500 мм иборат буда, шаш суро­хии бо ангушт махкамшаванда до­рад. Сурохии овозбароранда дар наздикии тарафи пушидаи Най чойгир шудааст. Най боз як сурохии иловаги дорад, ки онро одатан бо когаз ё пуст махкам мекунанд. Аз шаш суурохии овоздихандаи най 7 овози ди­атоники ба вучуд меояд, ки онхоро бо рохи зиёд кардани кувваи хавои дохилшаванда ё бо ангуштон пушондани руи сурохихо пасту баланд кардан мумкин аст. Диапазони каторовози Най то ба дуюним октава мерасад, ки дар нота чунин ифода меёбад:

Хангоми дар ансамблхо истифода бурдани Най, одатан, дирар асбобхоро (танбур, дутор, гижжак ва гайра) аз руи баландии овози он чур меку­нанд. Най овози баланду хуштакомез, вале фораму нафис дорад. Аз чиха­ти техники имкониятхои фаровонро дорост, охангдоро босуръат ва бо мелизмахои гуногун навохтан мум­кин. Унсури машхури мусикии Шарк — нола (яъне дар як зина ка ёфтани овоз) махсусан дар Най хуш садо медихад. Охангхои «Муночот», «Чули Ирок», «Наврузи сабо», «Наврузи Ачам», факат бо Най ичро мешаванд. Репертуар ва техиикаи навохтани Най дар рузхои мо хеле таракки кард. Дар омузишгох ва мактабхои мусики шуъбаи махсуси найнавози вучуд дорад. Навозандагон асархои барои флейта иншонамудаи бастакорони машхурро бо Най менавозанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …