Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Найду Сарочини

Найду Сарочини

Найду Сарочини (13.02.1879, Хайдаробод — 02. 03. 1949, Лакхнав), шоири хинду, иштирокчии харакати миллии озодихохи. Аа оилаи барахман. Дар коллечхои Лондон ва Кембрич тахсил кардааст. Ба забони англиси шеър менавишт. Найду дар кадамхои аввалини эчоди дар пайравии шоирони бузурги англис, махсусан, намояндагони чараёни романтикии он шеър гуфтааст. Дар шеърхои ин давраи шоира ишк ва манзарахои табиат тараннум шудаанд.

Аввалин мачми шеърхои Найду «Остони заррин» соли 1905 дар Лондон ба табъ расид. Мунаккидон ба ин мачмуа бахои баланд дода, ашъори уро намунаи бехтарини назми асри 20 англис шумориданд. Мачми дуюми Найду «Мурги замон» соли 1912 дар Хиндустон нашр гардид. Дар ин китоб шоира хамдардии худро ба гаму кулфати халк изхор кардааст. Мачми сеюмн Найду «Боли шикаста» (1917) ном дорад. Найду хам дар хаёти адаби ва хам дар хаёти сиёсии Хиндустон роли калон бозидааст. У дар шароити вазнини ибтидои асри 20 (авч гирифтани зиддиятхои мазхаби ва хурофот) дустии хиндувону мусулмонхоро хоста, онхоро ба муборизаи якчоя ба мукобили истилогарони хоричи даъват кардааст.

Шоира дар шеърхояш мустамликадори, нобаробарии ичти­мои, бехукукии занонро махкум менамояд. Найду иштирокчии фаъоли чамъомадхо ва конгрессхои озодихохони мамлакаташ буд. Хизмати у дар бобати озодии занони Хиндустон калон аст. Соли 1920 Найду яке аз рохбарони Конгресси милли интихоб шуд. Соли 1925 ташкили сессияи 43-уми Конгресси миллиро ба зимма шриф­та, дар он раиси кард. Соли 1947, баъд аа истиклолияти Хиндустон, Найду губернатори бузургтарин штати Хиндустон — Уттар — Прадеш таъин гардид. Шеърхояш ба забони точики тарчума шудаанд.

Ад.: Шахобова М., Сарочини Най­ду, Д., 1969.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …