Маълумоти охирин

Мюнхен

Шахрест дар чануби РФГ. Маркази маъмурии сарзамини Бавария. Маркази мухими иктисоди ва мадании мамлакат. Дар сохили дарёи Изар, дар доманаи шимоли куххои Алп вокеъ гаштааст. Ахолиаш 1,32 млн нафар (1980).

Мюнхен— узел и мухими рохи охан, наклиёти автомобили ва хавои. Хар ду аэропорташ ахамияти байналхалки до­рад. Сохахои асосии саноаташ: электротехника, электроника, асбобсози, мошинсозии умуми ва наклиёти (автомобил, самолёт, мотор ва ра­кета), когаз ва полиграфия, дузандаги, бофандаги, хуроквори ва гайра. Махсулоти химиявию фармасевти, резини, кинофотоплёнка, матоъхои сунъи низ истехсол карда мешавад.

Асри 8 дар чои хозираи Мюнхен дехае буд. Соли 1158 герсоги Бавария Генрих Лев ба М. ХУКУКИ шахрро дод. Аз асри 13 то соли 1871 Мюнхен— пойтахти Бава­рия. Дар асри 16 шахр яке аз мухимтарин марказхои маданияти Герма­ния буд. Баъди ташкил шудани Им­периям Германия (1871) Мюнхен бо якчоягии Бавария ба хайати он дохил гардид. Аз феврали 1900 то апрели 1902 дар М. В. И. Ленин зиндаги карда, ба нашри газетаи «Искра», ки дар хамин чо чоп мешуд, рохбари кардааст. Соли 1938 дар Мюнхен Муохидаи Мюнхен имзо шуд. Дар вакти Чанги дуюми чанони (1939—1945) шахр ба харобазор табдил ёфт. Солхои 1945—1949 Мюнхен ба зонаи ишголии ШМА дохил мешуд, аз 1949 дар хайати РФГ аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …