Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мюллер

Мюллер

Ф. В. К (Muller F. W. К.; 1863—1930), эроншиноси немис. Мюллер дар нашр ва омузиши осори сугди, ки аз Туркистони Шарки ва Мугулистони Шимоли ёфт шудаанд, хизмати зиёде кардааст. Соли 1904 дар «Ахбороти Академия и фанхои Бер­лин» Мюллер транскрипсияи матнхои монавии сугдии соли 1902 аз Турфони Туркистони Шарки пайдокардаи экспедитсия» бостоншиносии немисро тахти рохбарии А. Грюнведел ба табъ расонд. Махз ба туфайли ин матнхо олими немис Ф. Андреас хе­ши и забонхои сугди, ягноби ва помириро таъин намуд. Материалхои экспедитсияи дуюми немисии Турфон (матнхои масехии сугди)-ро низ Мюллер рамзкушои намуда ба табъ расонидааст. Мюллер исбот намуд, ки истилохоти  таквимии китоби буддопи «Трипитака» дар асл сугди мебошанд. Соли 1908 вай мутобикати истилохоти таквими матнхои сугди ва истилохоти таквими сугдии дар асар- хои Абурайхони Беруни овардашударо таъин кард. Мюллер муайян кар­дааст, ки яке аз забонхои катибаи сезабонаи дар Кара-Балгасун (Мугулистони Шимолй) соли 1889 ёфтшуда сугди мебошад. Чанде аз матнхои масехи ва буддоии сугди, ки Мюллер хон­да рамзкушои намуда буд, соли 1934 аз тарафи шогирдаш В. Ленс ба табъ расонида шудааст

 

Тахкикотчии Олмон А. Грюнвелд бо дастааш дар Турфан

 

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …