Маълумоти охирин

Муй

Муина, торхои найчамонанди махин ва нозукеро гуянд, ки аз пусти бадани одам ва умуман ширхурхо мебарояд. Муй бадани ширхурхоро аз таъсири механики, хунуки ва гайра мухофизат мекунад. Кисми дар руи пуст будаи Муй тор ва кисми дар зери пуст будаи он бошад, ре­шаи Муйро номида мешавад. Тор аз хисоби реша инкишоф меёбад ва гизо мегирад. Решаи Муй дар халтачаи Муй чойгир шудааст. Ба халтачаи Муй рохи гадудхои равгани атрофи он кушода мешавад. Дар гилофаки даруни халтачаи Муй пиёзаки Муй чойгир шудааст. Муй намакхои нитроген, фос­фор, сулфур, натрий, калий, калсий, магний, охак, манган, мис ва гайра до­рад. Муй аз се кабат иборат аст: каба­ти маркази (магз), мобайни (пустлох) ва беруни (кутикула). Хучайрахои магз ва пустлох пигменти ме­ланин доранд, ки ранги Муй (сиёх, малла, сафед, сафедтоб, сурхтоб ва гайра) ба он вобаста аст. Суръати сабзишу муддати инкишофи Муйи шир­хурхо гуногун мебошад. Муйи бештари онхо дар фаслхои бахор ва тирамох рехта аз нав мебарояд. На­муди зохири, дарачаи сабзиш ва давомоти инкишофи Муйи одам ба синну сол, холати системахои асаб ва эндокринии у, сироят ва нигохубини Муй вобаста аст. Дар одами со­лим Муй мохе ба хисоби миёна 1— 1,5 см месабзад. Чингилакунии химияви, рангкуни, муддати дароз зе­ри офтоб ё дар хунуки сарлуч гаш-тан, бисёр шустан (дар 7—10 руз як маротиоа шустан тавсия карда мешавад) ва гайра ба сабзиши Муй таъ­сири манфи мерасонад. Дар бораи беморихои Муй ниг. Пиодермия, Себо­рея.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.