Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Мухочирати азими халкхо

Мухочирати азими халкхо

Номи шартии мухочирати умумии этники дар Эвропа (асрхои 4-7),хусусан аз мухофизатхои империяи Рим ба маркази он. Хучуми кабилахои германихо, сарматхо ва гайрахо ба Рим, ки дар асрхои 1м. дар нохияхои атрофи империяи Рим маскан гирифта буданд, охири асри 4 баро мамлакат фочиаи калон гардид. Ба он тараккиёти муносибатхои ичтимои дар дохили кабилахои бар бари (парокандашавии сохти авлоди ва саршавии просесси ташаккул ёфтани чамъияти синфи) ва шароити вазнини дохили империяи Рим сабаб шуданд. Ин ду омил дар асрхои 4-7 просесси мухочирати халкхоро хеле тезонд. Мухочирати гуннхо ба Гарб барои Мухочирати азими халкхо такони наве гардид: онхо такрибан соли 370 аз Волга гузаштанд ва бо аланхо ба готхои сохили шимоли бахри Сиёх (375) хамла оварданд. Тирамохи 376 як кисми вестготхое, ки аз тарафи гуннхо танг карда шуданд, дар худуди империяи (чануби Дунай) маскан гирифтанд. Аз тарафи мансабдорон махдуд карда шудани хукукхои вестготхо соли 377 боиси сар задани шуриш гашт, ки ба он гуломони гуреза, дехкотон ва коргарони кони Фракия хамрох шуданд; 9 августи 378 шуришгарон кушуни Римро дар назди Адрианопол пурра торумор карданд. Хучуми готхо, аланхо ва гуннхо ба империя боздошта шуд ва армияи Рим аз хисоби барбарихо афзуд. Аз охири асри 4 хучуми барабрихо боз сар шуда, зимистони 394-395 гуннхо ба Сурия ва Каппадокия хучум оварданд. Вестготхо бо сардории Аларихи I юнонро горат карда, дар Иллирик чойгир шудааст. 24 августи 410 онхо Римро истило ва талаву тороч намуданд. Харчанд готхо 27 августи хамон сол аз Рим рафтанд, вале заволи Рим ахамияти калони маънави дошт. Кабилахои германихо асри 5 ба тамоми худуди Империяи Гарбии Рим пахн шуда, дар он чо якчанд шохии барбарихоро ташкил намуданд: шохии вестготхо дар чанубу харбии Галлия (марказаш Тулуза), вандалхо дар Африкаи Шимоли (429-439), остготхо дар Италия (493), франкхо дар Галлияи Шимоли, бургундхо дар чанубу шаркии Галия (марказаш Лион, такрибан 457); англхо, саксхо, ютхо миёнаи асри 5 ба забти Британия шуруъ карда, асрхои 6-7 дар ин чо як катор шохии худро асос гузоштанд. Гуннхо аввали асри 5 дар Дунаи Миёна чрйгир шуда, дар давраи хукумронии Аттила (434-453) кушиш намуданд, ки Галлия ва Италияро забт кунанд, вале дар дашти Каталаун торумор гаштанд (451) ва иттифоки онхо бархам хурд. Дар ахди Юстиниани I Империяи Рим (Византия) аз барбарихо Африкаи Шимоли, Италия, як кисми Испанияро баргардонда гирифт ва дар он чо тартиботи Римро кисман чори намуд. Мухочирати азими халкхо    дар асрхои 6-7 поён ёфт. Соли 568 лингобардхо дар италияи Шимоли ва Миёна мустахкам шуданд. Славянхо, ки онхоро баъзан авархо ва халкхои ба булгорхо наздик химоя мекарданд, дар нимчазира Балкан чрйгир шудан гирифтанд; асри 7 кариб дар хамаи нимчазирахо кабилахои славяни маскан гирифта, князии худ Славяния (дар Пелопоннес, Макдуния) , Иттифоки хафт кабилаи славяни, давлвти славяну булгорро ташкил доданд; кисми славянхо дар худуди империяи Византия (Осиёи Хурд) маскун шуданд. Мухочирати азими халкхо   окибатхои ичтимоию иктисоди ва сиёсии калон дошт. Вай боиси таназзули соти гуломдори ва шикасти системаи давлатдории Рим (дар Империяи Гарбии Рим) гардид. Дар кисми зиёди шимоли бахри Миёназамин заминдории озод чори гашт, истехсолоти майда мулкхои калони заминдоронро танг карда бароварда, боиси пойдор шуданисохти феодали гардид.  Мухочирати азими халкхо  инчунин дар ташаккули халкхои романию германи ва славянхо роли калон бозид. Дар илми таърихшиносии совети акидае хаст, ки мувофики он таъсири байнихамдигарии кабилахои романию германи ва инчунин византию славяни манбаи ташаккули муносибатхои нави чамъияти гардидааст.

Ад.: Удалтсова З. В., Италия и Византия в VI  в., 1959.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …