Маълумоти охирин

Маод

МАОД (аз забони араби гирифта шуда маънояш «чои бозгашт», «саранчом», «охират» мебошад), дар таълимоти динию фалсафи баъди вафот бозгаштани инсон, зиндагии баъди марг. Ба акидаи ахли дину диёнат одам баъди марг зинда мешавад ва гунахкорон ба дузаху бегунохон ба бихишт мераванд. Машшоиён Маодхои рухониро тарафдори намуда, Маодхои чисмониро инкор кардаанд. Мувофики таълимоти онхо, рухи инсони як чузъи рухи кулл (рухи илохи) буда, замони дар бадан будани он замони муфорикат аз рухи кулл ба хисоб меравад. Аз ин сабаб хангоми дар бадан, буданаш мекушад, ки аз ин кафаси танг берун баромада, ба чои аввалаи худ баргардад. Бо ин вай гуё ба саодати хакикию човидони ноил мешавад.

Маод

Тасаввуф низ акидаи машшоиёнро пайрави карда, таълим медихад, ки рухи солики тарикат як чузви рухи кулл буда, баъди аз омезишхои разилу зишти чисмонию модди поку рахои ёфтан ва тай кардани зинахои тарикат аз дарачаи фано ба бако мерасад. Мувофики таълимоти тасаввуф, рухи солики тарикат пеш аз марги табиии бо асли худ, яъне рухи кулл, муваккатан пайваст шуда, боз ба бадан баргашта метавонад. Дахриён таълимоти Маодро дар бораи човидонии рух рад карда гуфтаанд, ки баъди марги инсон рух низ бархам мехурад. Материализми диалектики назарияи эхёи чисм ва човидии рухро комилан рад мекунад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.