МУТРОН Халил Абду (1872, шахри Баълбек, Лубнон—1949), шоир ва гуманисти араб (Лубнон). Мутрон аз соли 1900 «Ал-Мачаллат-ул-Мисрия» ва гайра. «Ал-Чавоиб-ул-Мисрия»-ро нашр мекард. Аз соли 1935 рохбари Театри миллии Миср буд. Мутрон бо шаклхои анъанавии назми араб конеъ нашуда, дар колибхои навии европои хам шеър менавишт. Мутрон азбаски мукобили туркхо буд, дар асархояш бар зидди истибдод ва зулми беруна баромад карда аст (шеърхои «Нерон», «Оксаколи Афина», «Садди бузурги Чин», «Кушта шудани Бузургмехр» ва гайра). Дар аксари асархои Мутрон тасвири табиат ва ёдгорихои таърихии меъмори ороста бо хиссиёту хаячони шахсии шоир дода мешавад. Муаллифи мачмуаи шеърхои «Девон-ул-Халил» ва «Шери гирён». Машхуртарин асари насрии Мутрон «Оинаи айём» (мухтасари таърихи башар) мебошад.