Маълумоти охирин

МУШ

mushМУШ, мушмонандщо (Muri-dae), оилаи хайвони ширхур аз хояндахо. Мушмонандхо кариб 165 намудро (мансуби 7 зероила) дар бар мегиранд, ки асосан дар Евросиё, Африка ва Австралия пахн шудаанд.

Муши хонаги (1) ва бешаги (2).

Мушро ба Америкаи Шимоли ва Чануби одамон овардаанд. Дар Точикистон аз мушмонандхо ду намуди Муш ва се намуди калламуш зиндаги мекунад. Муши х о н а г и (Mus тиз-chlus) дар тамоми Точикистон (ба гайр аз баландкуххо); дар чойхои ахолинишин, сахро, чарогох ва бештар дар водию минтакахои доманакух пахн шудааст. Дарозии баданаш 7—9,5 сантиметр, думаш 6—8,5 сантиметр, вазнаш 13—25 грамм.

Муши бешаги (Apodemus sylvati-cus) дар хама чо гайр аз водихои По-мир зиндаги мекунад (дар бешахои сузанбаргу пахнбарги кухсор, буттазаор, сангтудахо, инчунин хонахои истикоматии мавзеъхои кухсор). Дарозии баданаш 8—11 сантиметр, думаш 8— 10 сантиметр, вазнаш 15—35 грамм. Муш лонаи начандон дароз кофта, зиндаги мекунад ва дар давоми сол (бештар дар фаслхои гарми сол) афзоиш мекунад. Соле 3—5 бор ва хар дафъа 3—10 бача мезояд. Шумораи Муш ба мусоидии шароит ва хурок вобаста аст. Муш растанихои гуногун (галладона, мева) ва хашаротро мехурад. Муш хонахои истикоматию анборхоро сурох карда, захиран хурок, галладона ва чизхои гуногун (чарму пуст, когазу китоб ва гайра)-ро хурда ё хонда аз кор мебарорад ва ба одамон зарари калон мерасонад. Муш пахнкунандаи касалихои хавфнок аст. Мушро бо мушгиракхо ва мулухи захрдор несту нобуд мекунанд. Мушро барои гузаронидани тачрибахои лаборатори истифода мебаранд.

Адабиёт: Давыдов Г. С., Грызуны Северного Таджикистана» Душанбе, 1964; Н а у м о в С. П., К у з я к и к А. П . Жизнь животных, том 6, М осква. 1971. Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.