Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШКЕТОВ Иван Васильевич

МУШКЕТОВ Иван Васильевич

mushketoviМУШКЕТОВ Иван Васильевич (21. 1. 1850, ст. Алексеевская, вилояти Волгогради хозира — 23.1.1902, Петербург) , геолог ва географи рус. Соли 1872 Институти кухкории Петербургро хатм кардааст; аз 1877 профессори хамин институт. Солхои 1882—97 геологи калони Комитети геология. Дар Урали Ча-нуби корхои тадкикоти бурда, се минерали дар Россия номаълумро кашф кард (1882). Солхои 1874—75 ба куххои Тиёншон ва водии Сир сафар карда, якчанд кони сарватхои зеризаминиро кушод. Солхои 1877—80 тадкики орография, сохти геологи, тектоники, палеогеография, вулконизм ва сарватхои зе-ризаминии Осиёи Миёнаро давом дода, геологияи конхои мис, сурбу нукра ва ангиштсанг, инчунин пиряхи Зарафшонро омухт. Натичахои тадкикоти у дар «Туркистон» ном китоби дучилдааш (1886—1906) инъикос ёфтаанд. Мушкетов дар Урал, Кавказ ва сохили Волга низ тадкикот бурдааст. Соли 1881 бо хамрохии Г. Д. Романовский нахустин харитаи геологии Туркистонро тартиб дода, сазовори медали Константинови Чамъияти географии рус гардид. Мушкетов сабаб ва окибатхои заминчунбии шахри Верний (1887). Олмаатои хозира)-ро омухт. Роххои нави тадкикоти геологиро пешниход карда, ба просессхои тектоники, сейсмики ва геоморфологи эътибори калон доданро таъкид намуд. Асари дучилдаи «Геологияи табии» бо рохбари ва иштироки бевоситаи Мушкетов таълиф шудааст. Як катор объектхои географе: ду пирях дар Тиёншон ва Помир, як кулла дар пахнкухи Витим (болооби дарёи Витим), як каторкух дар Осиёи Маркази ва як минерал мавсум ба номи Мушкетов аст.

Асос: Собрник сочинений, выпуск 1—2, СПБ, 1910— 1912; Туркестан. Геологическое и орографическое описание, том 1, 2, издание Ташкент, 1915.

Адабиёт: Вайнер Л. А., И. В. Мушкетов и его роль в познании геологии Средней Азии, Ташкент, 1954; Люди русской науки. Геология, География, книга 2, Москва, 1962.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …