Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШАКХО

МУШАКХО

muskuliМУШАКХО, мускулахо, як навъи бофтаест, ки организм ва узвхои алохидаи онро ба харакат меоварад. Мушакхо рах-рах ва суфта мешаванд. Ба Мушакхои р а х-р а х кариб хамаи Мушакхои устухонхои скелет мансубанд. Онхо харакати бадан, кори дасту пой ва сутунмухра, хоидану фуру бурдани хурок ва гайраро таъмин менамоянд. Мушакхои рах-рах аз наххои мушаки ва пай иборатанд. Дар таркиби наххои мушаки миофибриллхо вучуд доранд. Мушакхоро рагхои хун ва торхои хассоси асаб фаро гирифтаанд. Аз таъсири импулсхо Мушакхо кашиш хурда кор ичро мекунанд. Кашишхои сусте, ки хас-тагиро ба вучуд намеоранд, тонуси мушаки ном доранд. Бо ёрии он часади одам дар вазъи муайян каpop мегирад. Энергияи зарури барои кори механикии Мушакхо аз тачзияи кислотахои аденозинтрифосфат чудо ме-шавад. Мушакхо содда, мураккаб, кат ва росткунанда мешаванд. Мушакхои скелети аз Мушакхои cap, чоги поён, гардан, туш ва дасту пой иборат аст. Мушакхои туш дар навбати худ ба Мушакхои кафаси сина, шикам ва пушт чудо мешаванд. Дар бадани одам кариб 500 мушак мавчуд аст, ки онхо ба хисоби миёна 40%-и массаи баданро ташкил медиханд. Аз руи хусусиятхои анатоми ва физиологи Мушакхо ба скелет алокаманд шуда, якчоя системаи узвхои харакатро хосил мекунанд. Деворахои артерия ва венахо, узвхои нафас ва хозима, таносул ва гайра аз Мушакхо суфта таркиб ёфтаанд. Мушакхои суфта аз Хучайрахои мушаки иборат буда, нисбат ба Мушакхои рах-фах сусттар кашиш мехуранд. Хангоми инфаркти миокард, гипертония, атонияи бачадону шошадон ва гайра функсияи кашишхурии Мушакхо вайрон мешавад, ки он боиси тагйир ёфтани тонуси мушак мегардад. Тагйироти патологии функсияи узвхои мушаки аз ихтилоли кори асабхои мушак, латхурии Мушакхои алохида ё кисмхои онхо ба вучуд меояд. Оид ба Мушакхои дил нигаред Дил.

Тасвир дар маколаи Анатомия.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …