Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУРООТУННАЗИР

МУРООТУННАЗИР

navoМУРООТУННАЗИР (араби — риоят кардан карияи чизеро), м у- рооти назир, навъе аз санъатхои бадеии маънави, яке аз намудхои ташбеф, ки бештар ба истиорла наздик аст. Дар Муроотунназир калимаву иборахои шеър мазмунан бо хамдигар муносибати кулли дошта, зикри яке дигареро такозо менамояд. Масалан, агар дар як байт дарё зикр ёбад, хатман чанде аз калимахои ба он наздики «каър», «дурр», «садаф, «марчон», “гаввос», «кишти», «мавч» низ оварда мешаванд. Чунончи, дар ин байти Саъди («Нашояд тахту точу ганчу дайдим, Намонад гавхару л а ъ л у з а р у сим), калимахои чудокардашуда Муроотунназир мебошанд, зеро байни худ муносибати том доранд ва дар таквияти хамдигар омадаанд. Дар санъати Муроотунназир ва танхо робитаи маъноии калимахо (номи унсурхо, ашё, гулхо, мевахо, ситорахо ва гайра), балки муносибати шаклию маъноии ташбеху истиора низ зарур аст. Намунаи барчастаи риояти томи ташбехкунандаю ташбехшавандаро дар ин рубоии Рудаки мебинем:

Руят — дарён хусну лаълат — марчон, Зулфат — анбар, садаф — дахан,

дурр — дандон.

Абру — киштию чини пешони — мавч, Гирдоби бало — габгабу чашмат — туфон.

Муроотунназирро баъзан таносуб, тавфик (мувофикат), эътилоф (бо якдигap пайвастан) ва т а л ф и к (бо хам овардан) низ мегуянд.

С. Имронов

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …