Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ ЛЕЙПСИГ

МУРОФИАИ ЛЕЙПСИГ

murofiai-leypsigМУРОФИАИ ЛЕЙПСИГ (1933), мурофиаи сохтаи суди фашистони немис ба мукобили коммунистон, ки ба оташ задани рейхстаг беасос айбдор карда шуда буданд. Мурофиаи Лейпсиг 21 сентябр— 23 декабри 1933 дар Лейпсиг барпо гардид. Январи 1933 фашистон дар Германия хокимиятро забт намуда, торумор кардани Партияи комму­нисти ва бартараф намудани таъси- ри онро дар байни омма вазифаи худ карор доданд. Гитлерчиён дар арафаи шаби 27 феврали 1933 бо дастури бевоситаи Г. Геринг бинои рейхстагро оташ зада, коммунистонро ба ин кор айбдор карданд ва таъкиби яксараи ононро вусъат доданд. 28 феврал декрети фавкулода нашр гар­дид, ки он озодии шахс, сухан, матбуот, мачлису иттифокхоро бекор кард. Дар байни айбдоршавандагон револютсионери булгор коммунист Г. Димитров низ буд, ки хамон вакт дар Германия мезист. Фитнаи мудхиши фашистон боиси эътирози ахли чахон гардид. Аз хукукшиносони машхури чахон комиссия барпо шуд, вай сабабхои чиноятро омухта, ис­бот намуд, ки рейхстагро гитлерчи­ён оташ задаанд. Г. Димитров фавран баъди cap шудани Мурофиаи Лейпсиг муро­фиаи судро ба минбари муборизаи зиддифашисти табдил дода тавонист. Бо фишори харакати эътирози, ки дар тамоми чахон вусъат ёфт, Г. Димитров ва дигар коммунистон сафед карда шуданд, фашистони Германия зарбаи сиёси ва маънави хурданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.