МУРГИ САККО (Pelecanidae), як оилаи паррандахоро гуянд, ки ба катори белпойхо мансубанд. Дарозии танаш 130— 180 сантиметр. Дар зери нулаш халтаи калони халкум дорад. Болхояш пахн ва думаш кутох, панчахояш парда доранд. Пару болаш сафед, гулоби, хокистарранг, бур ва пархои калонаш сиёхчатобанд. 8 намуди Мурги сакко дар нодияхои муътадил ва тропикии хамаи китъахо зиндаги мекунад. Дар фаунаи Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, аз чумла дар Точикистон Мурги саккои гулоби (Pelec&nus onosrota- lus) ва Мурги саккои фатиламуй (Р. cris- pus; нигаред расм) хаст. Онхо бештар дар кулхои калон ва сохилхои бахр хаёт мегузаронанд; хеле хуб парвоз мекунанд. Дар замин ё дарахт лона сохта, 1—4 тухми сафед мегузоранд. Мохии бисёрро нобуд карда, ба мохидори зарар мерасонанд. Мурги сакко дар худуди Точикистон чун паррандахои кучанда маълум аст.
Адабиёт: Абдусалямов И. А, Фауна Таджикской Советской Социалистической Республики, том 19, часть, 1, Птицы, Душанбе, 1971.