Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОЛИЧА БО ОБ

МУОЛИЧА БО ОБ

gidroterapiyaМУОЛИЧА БО ОБ, гидротера­пия, истифодаи об бо максади му- олича ва пешгирии беморихо. Муолича бо об яке аз усулхои кадимтарини та- бобат аст. Аввалин маълумотхо оид ба Муолича бо  об  дар китоби хиндии «Ригведа», ки 1500 сол то милод навишта шудааст, дучор мешаванд. Муолича бо об  дар Рими Кадим хеле ривоч ёфга буд. Дар он чо муассисахои махсуси чамъиятию гигиение мавчуд буданд, ки беморонро бо об табобат мекарданд. Дар бораи бо об табобат кардани беморихо дар асархои Букрот ва Ибни Сино низ маълумотхои зиёде оварда шудаанд. Ибни Сино хангоми бо об табобат кардани як катор беморихои узвхои даруни, системаи асаб, пуст ва гайра бо об илова кардани киёми гиёххоро тавсия намудааст. У таъсири оби хунук, ширгарм ва гармро ба пуст, холати умумии организм ва гайра санчида, дар бораи коида ва муддати кабули ваннахои табобати маслидатхо додааст. Мохияти илмии Муолича бо об асри 19 баъди он, ки духтурони рус А. Ни­китин (1825), Б. Гржимайло (1859) ва дигар таъсири физиологии обро ба организм омухтанд, муайян гашт. Об ба пуст таъсири харорати, ме­ханики ва химияви мерасонад; харорати об барангезандаи асоси ба шумор меравад. Харорати пуст хар кадар паст бошад, таъсири об хамон кадар зиёд мегардад. Оби барои муолича истифодашавандаро ба хунук (то 20° Селсия), нимхунук (21—33е Селсия), харорати индифференти (34—36° Селсия), ширгарм (37—39° Селсия) ва гарм (40° Селсия ва аз он баланд) чудо мекунанд. Амалиёти Муолича бо об умуми (ба даруни об кардани тамоми бадан) ва ч у з ъ и (ба даруни об кардани даст, пой ё ягон узви дигар) мешавад ва онро бо усулхои гуногуни техники (рехтан, молидан, компресс кардан, душу ванна кабул кардан ва гайра) ба амал мебароранд. Оби хунук ва нимхунукро барои бехтар гардидани фаъолияти системахои дилу paг ва асаб, тезонидани мубодилаи

моддахо, хангоми фарбехи, барои машк ва обутоб додани организм, оби ширгармро барои табобати беморихои илтихобии музмин, дасту пой ва миён, системаи асаби канори (тарбод, неврит, невралгия) ва гайра, оби харорат индиффер е н т и доштаро хангоми баландшавии хассосияти системахои асаб ва дилу paг, сузиши пуст ва гайра, оби гармро хангоми вайроншавии (ихтилоли) баъзе намудхои мубоди­лаи модда ва беморихои гурда исти­фода мебаранд.

Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР Муолича бо об дар муассиса­хои махсуси назди поликлиникаю беморхонахо, санаторияхо, тадкикотхои илми оид ба Муолича бо об бошад дар як катор институтхои тадкикоти ил­ми, фиаиотерапевти ба амал бароварда мешавад. Дар Точикистон Муолича бо об дар курортхои Хочаобигарм, Шамбари, Обигарм, санаторияхои Хавотог, Гармчашма (дар райони Ишкошими Вилояти Автономии Бадахшони Кухи) ва гайра ба рох монда шудааст. Дар курорти Хочаобигарм оби гарми минералию радиоактивиро низ истифода мебаранд.

Адабиёт:    Сыроечковская М. Н.,

Водолечение, Москва, 1968; Таджикская Со­ветская Социалистическая Республика, Душнабе, 1974.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …