Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУНЗИМ Мирзо Абдулвохид Бурхонзода

МУНЗИМ Мирзо Абдулвохид Бурхонзода

personМУНЗИМ Мирзо Абдулвохид Бурхонзода (1877, Бухоро — 5. 3. 1934, Сталинобод), маорифпарвар, шоир ва журналисти советии точик. Аз оилаи амалдор. Дар кудаки ятим монда, давраи навраси ва чавониаш дар хонаи Садри Зиё гузаштааст. Хамон чо бо Садриддин Айни дусти пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё«Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Донишро китобат намуда, 1902 дар 2 девон ашъори Хайратро чамъ кард.  Ин кор дар ташаккули акидахои демократи ва маорифпарварии Мунда ёри расонид. Пас аз хатми Мадраса дар таъсиси мактабхои усули нав иштирок намуда, соли 1908 хамрохи Садриддин Айни дар хонаи худ мактаби усули чадид кушод. «Рахбари хат» ном аввалин дастуруламали дарси тартиб дод. Соли 1917 хангоми шиддат гирифтани реаксия ва таъкиб шудани озодихохону равшанфикрони Бухоро Мунзим ба Тошкент рафта, дар редаксияи газетаи «Учкун» ва «Кутулуш» кор кард. Пас аз ташкили Республикаи Халкии Советии Бухоро (РХСБ) муовини Раиси Республикаи Халкии Советии Бухоро РХСБ ва чанде нозири тандурусти буд. Соли 1922 Совети Вазирони Республикаи Халкии Советии Бухоро РХСБ уро ба Берлин барои ба хондан бурдани кудакон фиристод. «Холида ё кизбола*-и Садриддин Айни соли 1924 дар Берлин ба хуруфоти араби  чоп кард. Аз Берлин бар­гашта, дар Самарканд дар аввалин нашриёти точики ба сифати ходими адаби кор кард. Соли 1927 ба Душанбе омад ва муовини раиси Комитет хуруфоти лотини таъин шуд. Чанде муаллими омузишгохи занон ва солхои 1930—33 дар газетаи «Точикистони сурх» ходими адаби буд. Шеърхои аввалинашро, ки дар пайравии шоирони классикии форс-точик буданд, хангоми тахсил дар Мадраса эчод намудааст. Соли 1920 дар арафаи Револютсияи Бухоро дар газетаи «Кутулуш* аввалин шеърхои револютсионии Мунзим чоп шудаанд: “То ба кай?», «Баёни хол». Мунзим дар назми советии точик яке аз аввалин шоиронест, ки бахшида ба Владимир Илич Ленин шеър офаридаанд. («Бисту якуми январ»). Муаллифи достони «Инкилоби холи дедхконон — зафари пахтакории онон»(1933). Аз мероси адабии Мунзим гайр аз шеърхо баъзе маколахои илмию публисисти («Дар бораи забони точики», «Даркору даркортар»), хитоба («Эй Шарки мазлум», 1919) ва гайра боки мондаанд. Осори адаби ва материалхо доир ба Мунзим дар матбуоти солхои 20—30 ва тзакирахои мухталифи тоинкилоби, асархои илмию таърихи пароканда буда, хануз ба таври кофи чамъовари, нашр ва тадкик нашудаанд.

Основание.: Мачмуаи осор, Душанбе, 1964.» А. Урунов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …