Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МУНЧОКТЕППА

МУНЧОКТЕППА

munchokteppaМУНЧОКТЕППА, димнаи шахри кадимист дар наздикии Бекобод. Дар территорияи ГЭС-и Фарход чойгир шу­дааст. Мунчоктеппа асрхои 3—12 таракки карда буд. Майдони Мунчоктеппа 4 гектар, гафсии кабати археологии он 9—10 метр. Солхои 1943—44 отряди махсуси археологи тахти рохбарии профессор В. Ф. Гайду­кевич хафриёт гузаронд. Шахр дар шакли мураббаъ (200X180 метр) бунёд гардидааст. Мунчоктеппа дар асрхои 10—12 барои аз хучуми бодиянишинон мухофизат намудани сохили дарёи Сир хамчун истехком хизмат мекард. Муечоктеппа то истилои мугул обод ва истехкоми мухими стратеги буда, ахоли ба дехкони ва хунарманди машгул мешуд. Мунчоктеппа асри 13 баъди истилои мугул ба хароба мубаддал гардид. Дар на- тичаи дафриёти археологи аз Мунчоктеппа бокимондахои устохона, тухми растани, зарфхои сафоли, маснуоти шишагин, тангахо, устадон, асбобхои заргарй ва димнаи калъаи мансуб ба асрхои 4—8 ёфт шуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …