Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУНЧИКИ ТИРМИЗИ

МУНЧИКИ ТИРМИЗИ

personМУНЧИКИ ТИРМИЗИ  Абулхасан Али ибни Мухаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-точик. Мувофики тасдики сохиби таърихи «Эхё-ул-мулуке, дар карияи Мунчики Тирмиз таваллуд ёфтааст ва тахаллуси адабиаш хам ба зодгохаш нисбат до­рад. Мунчики Тирмизи пас аз тахсили илму дониш ва хамчун шоир шухрат ёфтан, муддате дар дарбори Чагониён, алалхусус дар махфили адабии дар­бори Амир Тохир ибни Фазли Ча­гони ширкат доштааст. Девони Мунчики Тирмизи чи дар замони хаёт ва чи баъди вафоташ машхур будааст ва мувофики шаходати Носири Хисрав (дар “Сафарнома») девони уро берун аз Мовароуннахру Хуросон хаводорони назми форси-точики мутолиа мекардаанд. Вале то замони мо аз ашъо­ри Мунчики Тирмизи танхо хиссаи хеле каме ба сурати байту порчахои чудогона ра- сидааст. Аз шеърхои ба мо дастраси у маълум аст, ки ба хачву хазл рагбат доштааст ва хачваш ба таври хеле заиф бошад кам, ба як катор масоили ичтимои, аз кабили танкид ва тамасхури намояндагони чудогонаи табакаи хукмрон, гурухи доро, иллат ва нуксонхои хаёти замонаш дахл кардааст. Мунчики Тирмизи бо махсули адабии худ, хусусан хачвиёташ, дар пешрафти адабиёти асри 10 роли калоне бозида, дар таърихи адабии ин ахд макоми шоистасро ишгол намудааст. Ашъори бокимондааш дар китоби «Ашъори хамасрони Рудаки» (Сталинобод, 1958) чой дода шудаанд.

Адаииёт:      М и р з о е в А., Абу Абдулло Рудакй, Сталинобод, 1958;

З. Ахрори.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …