Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУМИЁ

МУМИЁ

mumiyoМУМИЁ, махсулоти муммонанди табииро гуянд, ки дар баъзе горхо аз дарзхои санг таровида мебарояд. Зиёда аз 4000 сол ин чониб дар тибби халки чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машхури форсу точик Абуали ибни Сино, Мухаммад Закариёи Рози, Абубакр Рабеи Бухорои, Мухаммад Хусейни Шерози ва дигар Мумиеро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рудахо ва пуст, дарди гулу, баъзе беморихои системан асаб, беморихои чигар, камхуни, инчунин хангоми газидани мор ва дигар чонвархо чун подзахр истифода мебурданд. Дар Химолой (Непал ва гайра), кухистони Арабистону Эрон, Республикаи Халкии Монголия, Бирма, Иттифоки Респубдикахои Советии Сотсиалистии СССР ва мамлакатхои дигар ёфт мешавад. Дар районхои кухии Точикистон зиёда аз 20 манбаи Мумиё омухта шудааст. Мумиёи Точикистон аз чихати тозаги ба се гурух таксим мешавад: тоза (Мумиёе, ки ба замин начакида, дар чои баромадааш чамъ мешавад), начандон тоза (Мумиёе, ки ба замин чакида ба сангу хок, бокимондаи гиёххо ва ахлоти баъзе хайвонхо омехта мегардад) ва и фл о с (Мумиёе, ки аз лонаи кабутару зог ва паррандахои дигар, инчунин хонаи мушу калламуш ва хайвонхои дигаре, ки онро мехуранд, дарёфт карда мешавад). Таъсир ва кобилияти шифобахшии Мумиё ба макроэлементхо ва микроэлементхои таркиби он вобастааст. Тадкикотхои химияви нишон доданд, ки Мумиёи тоза 29—30, начандон тоза 21—23 ва ифлос 14—15 хели макро- ва микроэле­мент дорад. Микдори моддахои орга­ники (то 22%) ва хусусан нитроген (32—46%) зиёд мебошад. Омузиши фармакологи безарар будани Мумиёро исбот намуда, нишон дод, ки Мумиёи бо усули махсус тоза карда шуда, ба­рои муоличаи захми меъда, захми пусту мушакхо, иллату омоси асаб- хо, шикастагии устухон ва гайра ёри мерасонад.

Адабиёт: Нуралиев Ю. Н , Денисенк о П. Н., Мумиё и его лечебные свой­ства, Душанбе, 1976.

Ю. Я. Нуралиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …