Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУМИЁКУНИ

МУМИЁКУНИ

balzamirovanieМУМИЁКУНИ, мачмуи чорабинихост барои муддати дароз аз нобудшави эмин доштани мурда (майит). Барои аз пусиш ва вайроншави ни- гох доштан тамоми бофтахои часадро бо махлулхои антисептики ва консервасиякунанда тар мекунанд. Мумиёкуниро ба максади таълими, илми, инчунин барои нигох доштани часади ашхоси барчаста истифо­да мебаранд. Ин кор бо ду усул ба чо оварда мешавад. Яке аз онхо часадро барои муваккатан, дигаре ба­рои дуру дароз нигох доштан имконият медихад. Дар замонхои ка­дим бо ёрии моеи растанихои гуногуне, ки дорои хосияти аз пусиш нигохдорандаанд, ба чо оварда мешуд. Асосгузори Мумиёкуни мисриёни кадим буданд, ки мувофики одати дини майитро нагуронида, мумиё мекар- данд. Тарзи аники Мумиёкунии мисри то замони мо омада нарасидааст, фа- кат маълум аст, ки баъди тоза кардани узвхои даруни ва майнаи май­ит онро тар карда, ба матои махсус печонида, ширеш, санг молида, мехушконидаанд. Ин усул ранг ва хачми майитро зуд тагйир медод, вале часад садхо сол нобуд нашуда боки мемонд. Дар асрхои миёна Мумиёкуниро танхо бо максади дар дахма ни­гох доштан ё ба чои дур бурда гуронидани майит истифода мебур- данд. Барои Мумиёкуни намаки симоб, пайвастхои маргимуш, намаки рух, махлули глисерин, асетати калий, спирт ва дигар моддахои антисептикиро ба воситаи найчахои хунгузар ба организми майит мефиристоданд. Хангоми тармими макбараи Хазрати Шох (шахри Уротеппа) якчанд часади мумиёи ёфт шуд, ки онхо аз вучуд дошгани одати Мумиёкуни дар Осиёи Миёнаи асримиёнаги шаходат медиханд. Дар асри 19 моеъхои гуногун истифода мешуданд. Охири асри 19 аз формалин истифода мебурдаги шуданд. Мах- сусан усули Н. Ф. Мелников-Разведенков (1893) диккати олимонро ба худ чалб намуд, ки мувофики он бофтахои майитро бо махлули фор­малин фиксасия намуда, бо спирти 96°, махлули глисерин, асетати ка­лий тар карда, часадро муддати да­роз бетагйир нигох доштан мумкин аст. Соли 1924 олимони совети В. П. Воробёв ва Б. И. Збарский усули нави Мумиёкуниро кор карда баромаданд (минбаъд С. Р. Мардашев такмил дод), ки он барои Мумиёкунии часади Владимир Илич Ленив ва Г. Димитров бомуваффакият истифода шуд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …