Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛЛОНИЁЗМУХАММАДИ ХУЧАНДИ

МУЛЛОНИЁЗМУХАММАДИ ХУЧАНДИ

personМУЛЛОНИЁЗМУХАММАДИ ХУЧАНДИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи асри 19 точик. Мулло Ниёзмухаммади Xучанди бо асари таърихии худ «Таърихи Шохрухи» машхур аст, ки онро солхои 70 асри 19 навишта ба итмом расондааст. Ин асар яке аз сарчашмахои пурбахои таърихи хонии Хучанд ва равобити он бо дигар давлатхои Мовароуннахр мебошад. «Таърихи Шохрухи» яке аз нахустин сарчашмахои таърихиест, ки онро шаркшиноси рус Н. Н. Пантусов соли 1885 дар Казон нашр карда­аст. Аз «Таърихи Шохрухи» маълум мешавад, ки Мулло Ниёзмухаммади Xучанди забонхои то­чикию узбекиро хуб медонистааст.

Адабиёт: Мулла Нияз Мухаммед. Таъри­хи Шохрухи, Казань, 1885; В. В. В а р- гольд, Туземец о русском завоевании; -извлечение из «Таърихи Шохрухи», сочинение, том 2, часть 2, Москва. 1964. А. Мухторов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …