МУЛЛОБЕХЗОД (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 17 точик, намояндаи мактаби минётури Бухоро. Дар китобхонахои Абдулазизхон ва Субхонкулихон кор кардааст. Аз хунари у чор минётур дар «Хамса»-и Низоми (солхои 1668— 71 дар Бухоро китобат шудааст; дар коллексияи Честер Битти, Дублин) боки мондааст. Тахмин меравад, ки Муллобехзод дар ороишоти дигар дастнависхои муътабари он давр, ба мисли Достонхо аз «Шохнома”-и Фирдавси (коллексияи О. Омбер) «Шохнома» (1966, дар Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон) ва гайра иштирок кардааст. Дар бораи Муллобехзод дар «Мухит-ут-таворих» маълумот хаст. Дар асархои Муллобехзод таъсири мактаби минётури хинд, ки хоси санъати тасвирии Мовароуннахр аст, мушохида мешавад.
М. Ашрафи.