Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУКОНОВ Собит Муконович

МУКОНОВ Собит Муконович

sobit-muqonov-160x200МУКОНОВ Собит Муконович (13. 4. 1900, волости Товзори губ. Окмулло, хозира райони Чамбули вилояти Казокистони Шимоли — 18. 4.1973, Алмаато), нависанда ва ходими чамъиятии казок, акад. АФ РСС Казокистон (1954). Аз оилав батрак. Аъзои КПСС аз соли 1920. Иштирокчии Чан­ги граждани (1918 —1920). Дар Институти профессураи сурх тахсил кардааст (1930—1935). Солхои 1936-1937 ва 1943— 1952 раиси Правленияи ИН РСС Казокистон буд. Асархояш аз соли 1922 чоп шудаанд. Эчодиёташ аз шеър сар шуда буд. Романхои «Писари бой» (1928), «Мухаббати пок» (1931, нашри дуюмаш бо номи «Гумрохон»), «Темиртас» (1935) ба муборизаи синфи дар Казокистон ва тасвири ташаккули одами нав бахшида шудаанд Дар романи «Байраки номаълум» (1938, дар нашрхои баъдинааш — «Бутакуз») зиндагии халки казок дар солхои 1910—1920 инъвкос ёфтааст. Романи «Сирдарё» (1947—1948) аз мехнати коллективона дар солхои Чанги Бузурги Ватани хикоят мекунад. Асари сегонаи тарчумаихолии «Мактаби хаёт» (1949-1953, тарч. Точ. 1961) сазовори Мукофоти давлатии  РСС Казокистон ба номи Абай Кунанбоев гашт. С.оли 1967—1970 романи сегонаи «Шихоби рахшон»-ро дар бораи олам ва мутафаккири маъруфи казок Чокан Ба­лахонов навишт. Повести Муконов— «Мактабхои ман» соли 1954 ба точики чоп гардидааст. Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени диг. ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ос.: Мактаби хаёт (Киссани бачаги. Роман), китобхои 1—2, Сталинобод, 1954.

Ад.: Нуртазин Т., Сабит Муканов, Алма-Ата, 1958.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …