Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУИЗЗИ Абуабдуллохи Мухаммад

МУИЗЗИ Абуабдуллохи Мухаммад

personМУИЗЗИ Абуабдуллохи Му­хаммад ибни Абдумалики Нишопури (такрибан 1049. Нишопур —1126/ 27), шоири форс-точик. Писари шоир Абдулмалик Бурхони, ки пеш аз вафоташ тарбияи фарзанди худро ба султон Маликшохи Салчуки (1055—92) супоридааст. Айёми чавони ва миёнсолии Муиззи дар дарбори ин султон мегузарад, Муиззи дар ин давраи хаёти худ ба мадху ситоиши футухоти Маликшох, вазирону умарои вай машгул гардида ба гирифтани унвони «амирушшуарои» муваффак мешавад. Пас аз вафоти Маликшох хокимияти салчуки ба парокандаги дучор мешавад ва Муиззи як замон бе хомии муътамаде монда, дар шахрхои Хирот, Нишопур. Исфахон ва гайра дар вазъяяти барояш номусоид умр ба cap мебарад. Муиззи баъди ба тахт нишастани султон Санчар (1118—56) шоири хоси вай мешавад ва дар ан- дак муддат макоми баланд пайдо мекунад.

Муиззи асосан шоири касидасаро буд, вале дар сурудани навъхои дигари шеъри: газал, китъа. мусаммат, таркиббанд, тарчеъбанд ва рубои низ кувваозмои кардааст. Ашъори Муиззи дар хачми 18 хазор байт боки мондааст, ки онхо соли 1939 дар Техрон бо кушишу эхтимоми Абоос Икбол ба табъ расидаанд. Муиззи такрибан хамаи касидахои худро ба мадхи хукмронони салчуки, ба таргиби усули давлатдории онхо, мустахкам намудани иктидори хукумат равона кардааст. Бо вучуди ин санъати назми Муиззиро инкор кардан мумкин нест. Дар кисми мукаддимавии як катор касидахояш тасвири табиат, фаслхои сол, тахнияти чашну идхо, лугзхо (ба монанди лугзи калам, шамшер, асп) мушохида мешавад. Дар мукаттаот ва рубоиёти шоир баробари ситоиши шох баъзе масъалахои ахлокию фалсафи низ дида мешаванд. Дар газалхои Муиззи асосан ишку ошичи тараннум гардидааст. Муиззи бехтарин анъанахои назми асри 10 ва нимаи аввали асри 11 форс- точикро дар соддабаёни, равшан ифода кардани мазмун ва айнияти тасвир бомуваффакият давом додааст. Аз тарафи дигар, дар шеърхои Муиззи баъзан ифодахои печдарпеч, ташбеху истиороти мураккаб, ибораву истилохоти илмиву фалсафи, ки бешгар дар назми шоирони ин давр — Абулфарачи Руни ва Масъуди Саъди Салмон дучор меоянд, низ мушохида мешаванд. Вале чанде аз шеърхои Муиззи хамоно равон буда, дар офаридани онхо шоир аз унсурхои адабиёти даханаки, аз забони гуфтугуи ва маколу масалхои халки истифода намудааст ва ба ин васила забони шеърро ганитар гардонидааст. Касидахои Муиззи маълумоти зиёди таърихиро дар бар кардаанд ва хамчун сарчашмаи таърихи ахамият доранд.

Адабиёт: В с р т е л  с Е. Э., История пер­сидско-таджикской литературы, Москва, 1900; Адабиёти форсу точик дар асрхои XII— XIV, кисми 1, Душанбе 1976.

  Т. Неъмагзода.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …