Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДСОДИК

МУХАММАДСОДИК

nophotoМУХАММАДСОДИК  (таваллуд такрибан 1547/50, Самарканд — соли вафоташ номаълум), шоир ва тазкиранависи точик. Аз оилаи халвогар. Дар зодгохаш тахсили илм намудааст. Доир ба хаёт ва эчодиёти у маълумоти каме дастрас аст. Мухаммадсодик ба шахру дехоти Мовароуннахр сафар карда, бо ахли илму адаб хамсухбат шудааст. Пас аз сафар, бино ба гуфтаи Мутриби («Тазкират-уш-шуаро»), дар байни солхои 1605—1606 бо номи «Риё-уш-шу- аро» тазкирае тартиб додааст, ки дар он асосан аз муосирони худаш сухан рафтааст. Тазкираи Мухаммадсодик то хол ёфт нашудааст, вале порчахои парокандааш аз хусусияти ёддоштии он шаходат медиханд. Мухаммадсодик бо тахаллуси «Содики» шеър месуруд. Ашъори парокандааш дар тазкирахо сабт гардидаанд, ки дар онхо тартиби касб, пешаву хунар, мехнати халол баён шудааст.

  У. Навиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …