Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАД АБУТОХИР

МУХАММАД АБУТОХИР

nophotoМУХАММАД АБУТОХИР Али ибни Мухаммад Абутохири Меъмор (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), меъмор ва ваккоши асри 12 форс- точик. Аслан аа Сарахс буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар овони чавони санъати наккоши, хаттоти ва сонияи меъмориро омухт. Мухаммад Абутохир махсусан дар санъати катибанависи ва ороиши бинохо шухрати зиёд дошта, хати куфиро хеле устодона менавиштааст. Дар тазйиву ороиши макбараву масчидхои Бухорову Самарканд иштирок карда, онхоро бо хати куфи, райхон ва сулс оро додааст. Мухаммад Абутохир баробари ин чун меъмор ва бинокори сохибхунар эътироф гашта, тарх ва сохтмони чандин мадрасаву маворахо ба у мансубанд. Яке аз шохкорихои хунарии у сохтмони Манораи Чаркургон аст. Ин обидаи меъмори аз чихати сохт, бандубаст ва ороиши композитсиони аз бехтарин ёдгорихои асримиёвагии Шарк ба шумор меравад.

Ад.: Пугаченмова Г. А., Рам­пе л ь Л. И., Выдающиеся памятника ар­хитектуры Узбекистана, Т., 1958.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …