МУБАД, мубад (дар матнхои забони форсии миёнапахлави дар шакли mgwpt — магупат вомехурад ва аз ду чузъ таркиб ёфтааст: маг-мyг ва пат—сардор, пешво), рухони, олим ва донишманди зардуштия. Мубадон табакаи дорои давлати Сосониён ба шумор мерафтанд. Ичрои шарту оинхои зардуштия, ба чо овардани ситоишу ниёиш, овардани курбонихо ва г. тахти рохбарии бевоситаи Мубад анчом меёфт. Мубад инчунин сардори дайри мугон, дар оташкадахо махфуздорандаи оташи фурузон буд. Вазифаи пок доштани зардуштия, афзудани шумораи пайравони он, мубориза ба мукобили ихтилофоти зардуштиён ва монеъ шудан ба пахншавии динхои дигар ба зиммаи Мубадон гузошта шуда буд. Мубадон инчунин конунгузории давлати, суд ва таълиму тарбияи чавононро ба ухда доштанд. Шахсонеро, ки бо таълиму тарбияи чавонони зардушти машгул буданд, хирбад (herbad) ва сардори ин гуна шахсонро «хирбадон хирбад» — хирбади хирбадон меномиданд. Сарвариву ташкили кори Мубад дар ихтиёри «Мубадон мубад»— мубади мубадон буд. Мубади мубадон дар давлати Сосониён яке аз мукаррабони шох ба шумор рафта, иктидори бузурги иктисоди ва сиёси дошт, ба корхои дохили ва хоричии давлат, сиёсати он дахолат мекард. Аввалин шохи сосони — Ардашер бо номи Тансар (дар шаклхои Тосар ва Тусар низ вомехурад) мубади мубадон дошт, ки он чанде аз Мубадро чамъ оварда, китоби Авесгоро аз нав (пас аз он ки Искандари Макдуни як нусхаи онро сузонида, яктои дигарашро ба Юнон фиристод) тахриру танзим намуд. Мубади машхури давраи хукмронии подшохони сосонии баъди Ардашер Картир буд. Аз у дар мавзеъхои Накши Рустам, Нандин Рачаб, «Каъбаи зардушт» катибахо (ниг. Катибахои партир) боки мондаанд. Мубадон пас аз чори гардидани дини ислом низ фаъолияти худро катъ накарданд. Дар асархои Фирдавси, Рудаки, Унсури, Фаррухи, Манучехри ва дигарон. Мубадон ёдовари карда мешаванд. Мубадон холо дар байни иайравони имрузаи зардуштия (иорехо), ки дар штати Гучароти Хиндустон зиндаги мекунанд, мавчуданд. Вазифаи онхо вобаста ба шароити замон тагйир ёфтааст. Калимаи «мубад»-ро онхо бо калимаи «дастур» иваз кардаанд. Аз байни дастурон — Мубадхои имруза олимон ва авестошиносони машхур баромадаанд.
Ад.: Луконин В. Г., Культура сасанкдского Ирана. Иран в III—V вв., М., 1969; Фрaз Р. Н., Наследие Ирана, М., 1972.
М. Диловаров.