Маълумоти охирин

МОЦАРТ

mocartМОЦАРТ (Mozarl) Вольфганг Амадей (27. 1. 1756, Зальцбург — 5. 12. 1791, Вена), бастакори австрияги.

Намояндаи мактаби классикии Вена. Аз падараш Леопольд Моцарт, ки бастакор ва омузгор буд, таълим гирифта аст. Аз 4-солаги на волтани клавесинро омухта, дар 5-6-солаги асар (дар 8—9-солаги аввалин симфонияхояшро) эчод намудааст. Гастрюлхояш дар хорича аз 6-солаги (хамрохи хохараш Мария Анна) cap шудааст. Аз соли 1770 аъзои Академияи филармониявии Болонья. Солхои 1769—77 концертмейстер ва 1779—81 аргунуннавози дарбори князьархие пископи Зальцбург. Аз соли 1781 дар Вена зистааст. Эчодиёти Моцарт куллаи олии мусикии асри 18 ба шумор меравад. Дар асархои Моцарт мусикии халкии Австрия ва чихатхои пешкадами мусикии асри 18 Европа ифода ёфта. ба эчодиёти бастакорони романтик (алалхусус, Л. Бетховен) таъсири бузург гузоштааст. Моцарт дар жанрхои гуногун кариб 600 асар эчод кардааст. «Дузди аз харамсаро» (зингшпиль, 1782)., «Туи Фигаро» (аз руи мазхакаи Бохарше, 1786), «Дон Жуан» (1787), «Иайя сехрнок» (1791), «Мархамати Тита» (1791) ва г. аз кабили дурдонахои

операи чахони ба шумор мераванд. Муаллифи 17. опера, 2 оратория 4 кантати, 50 симфония, бештар аз 70 асари вокали-симфони (ария, ансамбл, хор бо оркестр), 23 квартети тори, 40 концерти инструментали, бештар аз 50 асар барои ансамбли камерави, 17 соната барои фортепиано, инчунин даххо вариация, фантазия, месса ва сурудхост. Дар асархои Моцарт зебоии хаёт ва гояхои демократии замон тачассум ёфтаанд. Соли 1880 дар Зальцбург Муассисаи байналхалкии «Моцартеум» таъсис ёфта аст, ки дар назди он Институти омузиши мероси эчодии Моцарт, китобхонаи «Моцартиана», чамъияти концерти, Академияи санъати мусики ва сахнави мавчуд аст. Дар репертуари оркестри симфонии Филармонияи давлатии Точикистон симфонияхои 39, 40, 41-ум, «Серенадаи хурди шабона» барои оркестри асбобхои тори, увертюра ва арияхо аз операи «Туи Фигаро»-и Моцарт мавкеи намоён доранд. Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С. Айни операи «Туи Фигаро»-ро ба сахна гузоштааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …