Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ТРИКОТАЖ

МОШИНИ ТРИКОТАЖ

trikotajМОШИНИ ТРИКОТАЖ, мошинест барои бо рохи механики бофтани матои трикотажи ё маснуоти донабоф (мас., чуроб, дастпушак). Мошини трикотаж аз ресмон халкахо хосил карда ва ин халкахоро дар шаклхои гуногун мебофад (ниг. Бофти тору пуд). Мошинхои трикотаж аз хамдигар вобаста ба таъинот, сохт, намуди сузанхои трикотажбофи ва г. фарк доранд. Мас., баъзе аз ин мошинхо матои хамвор, мошинхои дигар матои лулашакл, навъи сеюми онхо факат маснуоти донабоф истехсол мекунанд. Узвхои кории Мошини трикотаж асосан инхоанд: механизми хосилкунии халка (механизми бофт), механизми тахвили ресмон, мехашоми берун кардани маснуоти тайёр. Дар Т. м. процессхои бофти маснуот бо ёрии механизмхои назорати аз ресмон бефосила таъмин шудани мошин, тарангии якхелаи ресмон, коршоямии сузанхо ва г. автоматонида мешаванд. Мошинхои трикотажи истехсоли заводхои РФГ, ШМА, Англия, РСЧС (раем), РДГ маъмуланд. Инкишофи минбаъдаи мошинхои трикотаж боиси баланд шудани сифати кори онхо, зиёд кардани микдорн системахои халкахо ва автоматонидани процессхои бофт мегардад.

Х.Саидов,

 

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …