Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОМЕРНО

МОНОМЕРНО

monomernoМОНОМЕРНО (аз моно… ва юн. nifiros-кисм), моддахои хурдмолекула, ки молекулахояшон кодиранд бо хамдигар ё молекулахои моддахои дигар пайваст шуда, дар чараёни полимеризация (реакцияхое, ки дар натичаи онхо аз ду ё якчанд молекулаи як модда як пайвасте, ки вазни молекулааш зиёд аст, вале таркибаш аз моддаи аввала фарк намекунад, хосил мешавад) ва поликоиденсация (реакцияхое, ки хангоми чараёни онхо махсулоти иловаги хосил мегардад) полимер хосил мекунанд. Аксари Мономорхое, ки дар полимеризация иштирок мекунанд ба яке аз ду гурухи зерин мансубанд: 1) ба гурухи пайвастхое, ки дар натичаи кушода шудани бандхои каратии С®С, ОС, С=0, C“N полимеризация мешаванд (олефинхо, карбогидридхои катори диёни ва ацетилени, алдегидхо, нитрилхо ва г.); 2) пайвастхое, ки дар натичаи кушода шудани гурухи бандхои халкаги (мас., лактамхо, лактонхо, оксиди олефинхо) полимеризация мешаванд. Дар поликонденсация хамагуна пайвастхое, ки дар молекулахояшон ду ва аз он зиёд гурухи реакцияпарвар (гурухи функционали) доранд (мас., диаминхо, кислотахои дикарбонат, аминокислотахо, спиртхои дуатома ва г.), ба сифати Мономорхо иштирок карда метавонанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …