Маълумоти охирин

МОЛИКИЯ

molikiyaМОЛИКИЯ (ар.), яке аз мазхабхои равияи сунии дини исломро гуянд, ки бо номи асосгузораш Молик ибни Анас (715—795) маъмул аст. Моликия фикхро дар асоси хадис эчод намуда, таъвили аклии Куръонро рад менамояд. Моликия нисбат ба дигар мазхабхо оштинопазир аст. Моликихо истифодаи хулосахои мантики ва киёсро мумкин мешумурданд, вале мисли пайравони Ханифия онро васеъ ба кор намебурданд. Агар хадисхо манфиати чамоаро ифода накунанд, тагйири онро Моликия раво медoнист (принципи истилох). Моликия дар холати зарури аз ичмоъ низ истифода менамуд.

Мазхаби Моликия, гайр аз Хичозу Малина, дар асри 9 Дар шимоли Миср, Африкои Шимоли (Магриб) пахн шуда буд. Дар Аидалусия мзхаби (идеологияи) давлати буд, вале дар Ачам нуфуз надошт. Моликия холо дар байни мусулмонони Магриб (Тунис, Алчазоир, Марокка), Африкаи Гарби, Судон ва кисман шим. Миср нуфуз дорад.

Ад.: Масса А , Ислам. Очерк история, М. 1961; Иструменский

И. П., Ислам в Иране и VII—XV вв., Л., 1966.

А.Coдиков.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …