Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛАССХО

МОЛАССХО

mollashoМОЛАССХО (аз лот. mollis—-нарм), мачмуи чинсхои кухии тахшини, ки дар рельефи ухи пайдо шудаанд ва аз табакахои гафси (то якчанд хазор м.) чинсхои террнгени: конгломерат, регсанг, алевролит, гил, гохо мергел иборатанд. Азбаски давраи тахшиншавии Молассхо бо пайдоиши каторакухи хамшафати он дар як вакт ба вукуъ меояд, муайян кардани синни геологии Молассхо дар мукаррар намудани замон ва муддати ташаккули худи каторакух кумак мерасонад. Аз паст ба боло тагйир ёфтани таркиб ва дуруштии тахнишастхо аз тагйирёбии суръати баландшавии каторакух дарак медихад; дар арзи уфуки тагйир ёфтани таркиби гранулометрии Молассхо бошад, аз кучо оварда шудани чинспорахоро мефахмонад. Ду хел Молассхо мавчуд аст: бахри ва хушки. Молассхои бахри дар каъри бахрхои на чандон чукур, аксар дар лагунахо, Молассхои хушки дар каъри дарьёю кул хос, ки дар хамворихои наздикухи ё пастхамихои байникухи вокеъ гаштаанд, чамъ ме­шаванд. Пайдоиши Молассхо ба мархилаи охирини инкишофи геосинклинал рост меояд. Молассхо дар доманаи каторакуххои Алп, Карпат, Кавказ, Тиёншон, По­мир (конгломератхои Дарвоз) ва дар дигар          системахои кухи бисёранд. Пайдоиши баъзе конхои ангишт, нефту газ, регсангхои мисдор, намак ва г. бо Молассхо вобаста аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.