Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОИСЕЕВ Игорь Александрову

МОИСЕЕВ Игорь Александрову

nophoto-manМОИСЕЕВ Игорь Александрову (таваллуд 21.1.1906, Киев), артисти балет ва балетиейстери совети. Артисти Халкии СССР (1953), I Кахрамони Медхнати Социалисти (1976). Пас за хатми Омузишгохи

хореографии Москва (1924)’ солисти дастаи балетми Teaтри Калон (то 11939) – Дар театри мазкур балетхои «Футболбоз»-и В. А. Оранский (бо хамрохии Л. А. Лащялин, 1930), «Эхтиёткории бехуда» И Л. Гертель (бо хамрохии А. М. Мессерер), «Саланбо»-и А. Ф. Аренде (1932), «Се марди рафс»-и В. А. Оравский (1935), «Спар­так»-и А. И. Хачатуря (1958)-ро ба сахна гузошт. Яке аз асосгузорони ракси халкии сахнавии совети. Соли 1937 Ансамбли ракси халкхои СССР-ро ташкил кард ва то имруз рохбари бадеии он аст. Моисеев гайр аз раксхои чудогона, «Раксхои халкхои СССР» (1937—38), «Раксхои халкхои сла­вян» (1945), ракси «Сулху дусти» (1953)-ро тахия намудааст. Хангоми басахнагузории раксхо Моисеев тамоми боигари, обрааноки ва хусусиятхои хоси санъати ракси халкхои гуногунро нигох медорад ва такмил ме­дихад. Дар заминаи материалхои фольклори як силсила асархои хореографии сахнави офарид: «Манзарахои гузашта», «Лавхахои замони со­вети», «Дар мамлакатххои чахон», «Партизанхо», «Даъватшавандагон», «Вива, Куба!», «Рохи ракс» ва дигар Моисеев муаллифи як катор маколахои назарияви оид ба масъалахои санъати ракси халкист. Лауреати Мукофогхои давлатии СССР (1942, 1947, 1952) ва ленини (1967). Бо ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …